Кӯдакон тез-тез шамол мехӯранд, бо дастони ифлос хӯрок ё меваю сабзавот хӯрда, гулӯдард мешаванд ва ба бемориҳои дигар гирифтор гашта, таб мекунанд. Албатта баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак волидонро ба таҳлука меандозад, хоса модарон дарҳол ба ҷустуҷӯи доруҳои пасткунандаи ҳаб меафтанд, вале...
Дар асл баробари андаке таб кардан ба кӯдак дору додан дуруст нест. Модар бояд донад, ки дар кадом ҳолатҳо ба кӯдак доруи пасткунандаи таб додан лозим асту дар кадом ҳолатҳо роҳу усулҳои дигари паст кардани ҳарорати бадани тифлро бояд ба кор бурд.
Агар ҳарорати кӯдак то 38 °С бошад...
Ҳарорати бадани кӯдак каме баландтар аз 37 °C, масалан 37, 5 бошад, доруи пасткунандаи таб додан шарт нест. Андаке баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак гувоҳӣ он аст, ки системаи муҳофизатии ҷисми фарзанди шумо ба муқобили беморӣ мубориза бурда истодааст. Аммо таббаш чандон баланд набошад ҳам, кӯдак беҳолу бемадор намояд, хоболуд шавад, беиштиҳо бошад, тез-тез ташна монда об нӯшад, вале пешоб накунад ё пешобаш хеле кам бошад, дар ин ҳолат ҳатман доруи пасткунандаи таб додан лозим аст.
Кӯдакони гурӯҳи осебпазир
Кӯдаконе ҳастанд, ки ҳатто табби начадон баланд низ ҳолашонро бад карда метавонад, бинобар ин, ҳатман бо баланд шудани ҳарорати бадан ба ин тоифаи кӯдакон доруи пасткунандаи таб додан лозим аст. Инҳо:
1. Кӯдакони то семоҳа.
2. Кӯдаконе, ки пештар бар асари таб кардан ба шайтоналамиш (судороги) гирифтор шудаанд.
3. Кӯдаконе, ки ба касалиҳои дил гирифторанд.
4. Кӯдаконе, ки бемориҳои вазнини шушро аз сар гузаронидаанд.
5. Кӯдаконе, ки бемориҳои ирсии метоболӣ доранд.
Пайдо шудани нишонаҳои шайтонламиш-судорогӣ аз қабили ларзиши тамоми аъзои бадан ва сард шудани дасту пойҳои кӯдак низ бонги хатар мебошад. Дар ин ҳолат дарҳол барои фаровардани таб ба кӯдак дору додан лозим аст.
Агар ҳарорати бадани кӯдак 39 °C бошад
Ҳарорати бадани кӯдак ба 39 °C наздик ё аз ин ҳам баландтар бошад, ҳатман ягон доруи пасткунандаи таб, масалан “Парацетамол» ва ё Ибупрофен додан лозим аст. Дар додани дору набояд таъхир намуд, зеро то 39 °C баланд шудани ҳарорати бадан кӯдаки зоҳиран комилан солимро низ дар муддати кӯтоҳ беҳолу бемадор гардонида, ҳолашро бад месозад. Кори системаи асаб заиф гашта, кӯдак бо мушкили ҷиддии беобшавии организм рӯ ба рӯ шуда метавонад. Дар натиҷа хун ғафс шуда, ҷараёни микроциркуляции узвҳои муҳими дохилӣ вайрон мешавад.
Худтабобаткунӣ манъ аст!
Ҳангоми беморӣ аз пеши худ, бе иҷозати духтур ба кӯдак дору додан қатъиян манъ аст! Дар фарзандатон ягон тағйиротро мушоҳида карда бошед, фавран ба духтури кӯдакона-педиатор муроҷиат кунед ва танҳо ҳамон дорую давоеро диҳед, ки табиб мефармояд.
Роҳҳои дурусти фаровардани таби кӯдак
1. Ба кӯдакони то яксола ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан шамъча-свеча гузоштан беҳтар аст. Чаро? Якум: кӯдаки то яксола ҳаб-таблеткаро фурӯ бурда наметавонад ва додани доруҳои обакӣ низ ба ин тоифаи тифлакон осон нест. Дуюм: шамъчадорӯ тезтар таъсир мекунад. Сеюм: волидон метавонанд бе кӯмаки духтур ба маъқади кӯдак шамъчаро гузоранд.
2. Ба кӯдакони аз яксола боло доруҳои обакии пасткунандаи таб-сироп додан беҳтар аст. Ин намуди доруҳо ширин буда, тамъи гуворо доранд ва одатан тифлакон онро бо майли том мехӯранд. Ягона камбудии ин навъи доруҳо дар он аст, ки дар таркибашон қанд-сахароза доранд. Ба тифлакони ба касалии қанд гирифтор ва мушкили фарбеҳӣ дошта додани чунин доруҳо маслиҳат дода намешавад.
3. Аксари кӯдакони аз шашсола боло аз хӯрдани доруҳои обакӣ саркашӣ мекунанд, зеро боварии комил доранд, ки доруи обакӣ танҳо барои ниничаҳо аст. Гузоштани шамъча низ ба кӯдакони ин синну сол осон нест. Аз ҳамин хотир, ба шумо маслиҳат медиҳем, ки аз доруҳои дар шакли хока тайёршуда-порошок истифода баред. Ин намуди доруро бо каме об омехта карда, ба кӯдак додан аз хӯрондани ҳаб, яъне таблетка осон аст.