Дар шаҳри Душанбе дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад. Дар ин бора ҳукумати шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бо сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров роҳи ин қитъа аз пул (мост)-и бурриши кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ аз 18-уми март баста шуда, дар ин масир ҳаракати тамоми намудҳои воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
Басташавии роҳҳо то кай давом мекунад, ҳанӯз маълум нест, вале ҳукумати шаҳри Дуганбе аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки то анҷоми корҳои сохтмонӣ аз роҳҳои дигари ба ин масир наздик бо воситаи хиёбонҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Шерализода, Маяковский ва Бунёдкорон ҳаракат намоянд. Дар ин бора “Азия-плюс” хабар додааст.