arzon replenishment
Ронандаро барои як шаппотӣ суд карданд
05.05.2022
ОИЛА
1743


Як ронандаи “шӯх”-ро барои бадрафторӣ нисбати як духтари ҷавони роҳгузар аз озодӣ маҳрум намуданд.

Гуфта мешавад, ки ронанда гӯё “шӯхӣ” карданӣ шуда, ба думбаи духтарак як шаппотӣ зада, ӯро масхара карда хандидааст...
Тавре ки РВКД мегӯяд, ронандаи бадрафтор зимни пурсиш аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардааст.

Сатторов Дилшод, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21010», рақами қайди давлатиаш 2110RС01, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ буда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, ба қафои як духтари роҳгузар як шаппотӣ зада, ӯро мазоқу масхара кардааст. Духтар, ки сокини шаҳри Душанбе мебошад, мошини ронандаи авбошсуратро аксбардорӣ намуда, ба мақомот шикоят кардааст.

Дар асоси шикяти ин духтар нисбати Дилшод Сатторов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД