Як ронандаи тоҷикро дар Русия бо гумони даст доштан дар одамкушӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Зодаи Тоҷикистон, ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, як ронандаи дигарро, ки сокини шаҳри Санкт-Петурбург будааст, корд задааст.
Моҷарои хунини ду ронанда баъди садамаи нақлиётӣ сар задааст. Спутник дар такя ба гузориши “Невские Новости” навиштааст, ки садамаи нақлиётӣ бо таксӣ ва мошини қимматбаҳои хориҷӣ тахминан соатҳои 18.00-и рӯзи 22-юми май, дар чорроҳаи Криленко ва Проспекти Далневосточний ба вуқуъ пайваста, баъди ин ҳодисаи нохӯш байни ду ронанда баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол сар задааст.
Дар ҷараёни ин моҷаро ронандаи тоҷик бо корд ба қафаси синаи ронандаи рус, ки сокини шаҳри Санкт-Петербург будааст, мезанад. Ҷабрдидаро бо захми корд дар мавзеи дил ба беморхона интиқол доданд, вале табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот диҳанд. Ронанадаи кордхӯрда дар беморхона ба ҳалокат расида, нисбати ронандаи тоҷик бо гумони куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.