Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед, он метавонад ба шумо роҳи дурустро нишон диҳад. Эҳтимол бо шахси дӯстдоштаатон аз сабаби масъалаҳои ночиз баҳс кунед. Дар корҳои хона низ кӯшиш намоед, ки оромиро нигоҳ доред ва дар ҳолати асабоният суханони сахт нагӯед. Аз одамоне, ки ба шумо таваҷҷуҳи ғайриодӣ зоҳир мекунанд, эҳтиёт бошед. Агар ба рӯҳафтодагӣ дода нашавед, метавонед мушкилоти корӣ ва молиявиро ҳал кунед. Қувваи худро беҳуда сарф накунед ва бештар истироҳат намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз шахсе, ки пинҳонӣ ба шумо таваҷҷуҳ дорад, метавонад эҳсосоти худро нишон диҳад. Аммо барои оғози муносибатҳои нав шитоб накунед. Шояд хоҳиши харидани ашёи гаронбаҳо барои хона пайдо шавад, вале пеш аз харид имкониятҳои буҷаи оиларо ба назар гиред. Зеҳни тез ва андешаҳои нав ба шумо барои анҷом додани корҳои касбӣ ёрӣ мерасонанд. Дар масъалаҳои пулӣ оқилона амал кунед ва ба ҳар пешниҳод бовар накунед. Барои пешгирӣ аз хастагӣ каме истироҳат кунед ё бо наздикон ба сайругашт бароед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ба суханони ширину хушомади шахси нохонда зуд бовар накунед, зеро ӯ метавонад ба шумо зарар расонад. Ба наздикон меҳру муҳаббат нишон диҳед ва барои аҳли оила як лаҳзаи хушу хотирмон муҳайё кунед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимол бо мушкилоту монеаҳо рӯ ба рӯ шавед, бинобар ин қувваи худро дуруст истифода баред. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад ва шояд ногаҳон имконияти хубе пайдо гардад. Ғизои солим истеъмол кунед ва аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар муносибатҳои ошиқонаи шумо нав оғоз ёфта бошанд, барои қадами ҷиддӣ шитоб накунед. Бигзор муносибатҳо тадриҷан инкишоф ёбанд. Имрӯз барои машғулиятҳои варзишӣ бо аҳли оила ва истироҳати фаъол рӯзи хуб аст. Дастгирии наздикон ба шумо нерӯ ва боварӣ мебахшад. Эҳтимол, роҳбар ё ҳамкоратон аз шумо ёрӣ пурсад. Ҳуҷҷатҳо ва шартномаҳоро бодиққат санҷед, зеро имзои онҳо ё расонидани мол метавонад ба таъхир афтад. Ба нороҳатиҳои хурд аз ҳад зиёд аҳаммият надиҳед ва ба воқеаҳо оромона муносибат кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз нерӯ ва фаъолияти шумо зиёд мешавад. Аз ин фурсат истифода бурда, ба муносибатҳои шахсӣ ва беҳтар кардани зиндагии оилавиатон диққат диҳед. Баъзе маълумотро беҳтараш ҳоло бо дигарон дар миён нагузоред, зеро нохост гуфтаҳои шумо метавонанд шахси наздикеро ранҷонанд. Эҳтимол, корҳоятон он қадар зиёд шаванд, ки барои ҳаёти шахсӣ вақти кам боқӣ монад. Дар иҷрои корҳо шитоб накунед, ҳолатҳои ғайричашмдошт метавонанд нақшаҳо ва мувофиқаҳои шуморо тағйир диҳанд. Аз ҷанҷолу баҳс дурӣ ҷӯед ва ба оромии асабатон аҳаммият диҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз аз нишон додани қобилиятҳои худ натарсед. Бо истифода аз хаёлот ва андешаҳои тоза метавонед наздиконро ба ҳайрат оред. Дар муносибат бо аҳли оила аз эродгирӣ ва сарзаниш худдорӣ кунед, то фазои хона ором бошад. Робитаатонро бо ҳамкорони ташкилотҳои дигар низ нигоҳ доред, ин шиносоиҳо дар оянда метавонанд муфид бошанд. Эҳтимол, имконияти кори иловагӣ ва даромади бештар пайдо шавад, аммо аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Барои беҳтар кардани саломатӣ бо машқҳои сабуки ҷисмонӣ оғоз кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муносибатҳои ошиқона мувозинатро нигоҳ доред: ҳам ба шахси дӯстдоштаатон вақт ҷудо кунед ва ҳам манфиатҳои шахсии худро фаромӯш насозед. Имрӯз барои анҷом додани корҳои хона низ рӯзи мувофиқ аст. Аҳли оила аз нияти шумо дастгирӣ карда, то ҳадди имкон ёрӣ мерасонанд. Дар ҷойи кор вазъият устувор мемонад ва тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад. Бо истифода аз қобилияти таҳлил ва зиракии худ метавонед вазъи молиявиро беҳтар кунед. Ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёт бошед ва аз машқҳои вазнин худдорӣ намоед. Шиноварӣ ё машқҳои сабук ба шумо фоида мерасонанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Субҳи имрӯз шояд дар масъалаҳои ошиқона қарорҳои муҳим қабул кунед. Дар рӯзҳои наздик тағйироти гуногун имкон доранд, бинобар ин ба воқеаҳои хубу нохуш омода бошед. Барои тоза кардани хона ва тағйир додани ҷойи мебел вақти муносиб пайдо мешавад. Эҳтимол, бегоҳ дӯстатон ба меҳмонӣ ояд. Ба ҳасади дигарон роҳ надиҳед, то нақшаҳоятон халалдор нашаванд. Агар муддати зиёд харидани пойафзол ё сумкаи навро мехостед, метавонед худро шод гардонед, аммо аз ҳад нагузаронед. Худро барои хатогиҳои дигарон гунаҳкор насозед ва беҳуда худро сарзаниш накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз шахси дӯстдоштаатон метавонад ба шумо туҳфаи хурде диҳад. Фикр кунед, ки чӣ гуна метавонед ба меҳрубонии ӯ посух диҳед. Дар ҳаёти шахсӣ шояд ҳодисаҳои ҷолиби зиёд рӯй надиҳанд, барои оиладорон баҳсҳо дар бораи хароҷоти хона ё масъалаҳои молиявӣ имкон доранд. Дар кор кӯшиш кунед, ки натиҷаи заҳматҳои пешинаатон беҳуда аз даст нараванд. Агар бо тиҷорат машғул бошед, барои бастани шартномаҳои судманд имконият пайдо мешавад. Меҳнатдӯстӣ ба шумо на танҳо барои зиёд кардани даромад, балки барои сарфа ва ҷамъ кардани пул низ ёрӣ мерасонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз аз сабаби зуд асабонӣ шудан ва нодуруст баён кардани фикрҳоятон бо дигарон муноқиша кардан мумкин аст. Дар муносибатҳои ошиқона низ ноумедӣ эҳтимол дорад, бинобар ин кӯшиш кунед, ки бо мулоимӣ ва фаҳмиш рафтор кунед. Ба наздикӣ хароҷоти ғайринақшавӣ пеш омада метавонанд, шояд аҳли оила хоҳиши нав кардани либос ё ороиши хонаро дошта бошанд. Дар ҷойи кор имкони нишон додани қобилиятҳоятон пайдо мешавад ва ҳамкорон метавонанд шуморо бештар қадр кунанд. Рӯҳафтодагии рӯзҳои охир низ тадриҷан аз байн меравад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз барои мардони ин мучал рӯзи мусоид аст. Шумо метавонед бо рафтору суханони худ таваҷҷуҳи занонро ба даст оред. Агар муносибатҳои ошиқонаатон вақтҳои охир душвор шуда бошанд, фурсат пайдо мешавад, ки хатогиҳои пешинаро ислоҳ кунед. Дар баҳсу мунозираҳо суханварӣ ва қобилияти бовар кунондани дигарон ба шумо ёрӣ медиҳанд. Аммо дар масъалаҳои тиҷоратӣ эҳтимол бо дӯстатон ихтилофи назар пайдо шавад. Пеш аз қабули қарор хуб андеша кунед, то фоидаи молиявӣ ба дӯстӣ зарар нарасонад. Ҳамчунин, эҳсосоти манфии худро идора кунед, зеро тағйирёбии ногаҳонии рӯҳия метавонад муносибататонро бо атрофиён бад кунад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Агар муносибатҳои ошиқонаи шумо нав оғоз ёфта бошанд, саросема нашавед ва аввал шахси интихобкардаатонро хубтар шиносед. Эҳтимол, бо наздикон нофаҳмӣ пайдо шавад, аммо бо сабру таҳаммул метавонед онро бе ҷанҷол ҳал кунед. Кормандони идораҳои давлатӣ бояд ба тағйироти нав диққат диҳанд ва пеш аз оғози кор ҳамаи ҷузъиётро санҷанд. Имрӯз имконияти пайдо кардани манбаи нави даромад вуҷуд дорад, вале касбу кори асосии худро фаромӯш накунед.