sebiston july new
Ронандаи “Камаз”пиёдагардро пахш намуду...
1010

 

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ки аз ҷониби ронандаи камаз рух дод, марди 59 сола ҷароҳати сахти ҷисмони бардошт.

Тавре Раёсати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, санаи 23 маи соли ҷорӣ тақрибан соати 18:15 дақиқа Ғуломшоҳи Абдулаҳад, ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи “Камаз”, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар роҳи пиёдагард як нафар марди 59 сола, сокини нощияи Айниро пахш намудааст. Дар натиҷа марди пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ҳамзамон номбурда сутуни чароғаки роҳнаморо низ пахш намуда, корношоям кардааст. Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД