35 years of independency
Ронандагони тоҷик ба Япония ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд
58

Ронандагони тоҷик ба Япония

ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд

Ронандагони тоҷик имкон доранд, ки ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон-Япония ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, соҳиби кори сердаромад гарданд.

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонӣ ронандагонро ба кор дар Япония даъват намудааст. Муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ба сифати ронандаи мошинҳои боркаш, автобус ва таксӣ ҷалб карда мешаванд. Муҳоҷирон тариқи барномаи “Specified Skilled Worker (SSW i)” ба кори ронандагӣ қабул карда мешаванд. Музди меҳнат аз 2800 доллар боло буда, шахсони аз 18 сола боло, ки забони ҷопониро медонанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои кор дар Япония пешниҳод созанд. Талаботҳои асосӣ:

  1. Синну сол: аз 18-сола боло
  2. Донистани забони ҷопонӣ дар сатҳи N4
  3. Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ
  4. Супоридани имтиҳони касбии “SSW” тариқи компютер. Барои гузаштан аз ҳар як қисми имтиҳон ҳадди ақал 60% хол зарур аст.
  5. Надоштани доғи судӣ

6.Масъулиятшинос будан.
Қабули ҳуҷҷатҳо ва дигар хизматрасониҳои машваратӣ ройгон мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд ба Агентии бакортаъминкунӣ дар кӯча, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80  (наздикии “Пивзавод”) воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин занг занед: 📞 221-39-67, 221-39-83
WhatsApp / Telegram: +992 55 555 1080 +992 98 790 6666, +992 91 576 7743, +992 93 093 4994

Рақами намояндагиҳои Оҷонсӣ дар минтақаҳо:

📞вилояти Суғд: +992 884406633
📞вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
📞ВМКБ: +992 935 101 439


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД