Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷусур» (Jusour)-и Қатар ронандагони тоҷикро барои кор дар автобус ба давлати Қатар мефиристад.
Мусоҳибаи довталабон ба вазифаи ронандаи автобус имрӯз, 13-уми ноябр дар Агентӣ баргузор гашта, ба кишвари Қатар ронандаҳои синну солашон аз 21 то 45-сола ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта метавонанд. Доштани шаҳодатномаи ронандагии категорияи C, E ва донистани забони англисию арабӣ дар сатҳи муошират ҳатмист.
Ширкат ба 1000 нафар ронандагони автобус ҷойи корӣ пешниҳод мекунад ва аз ин шумора 300 нафар бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Музди асосӣ 600 USD, илова барои хӯрок 82 USD. Ронандагони муҳоҷир бо ҷои истиқомат ва нақлиёт таъмин карда мешаванд. Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо. Ба ронандагон пас аз 11 моҳи корӣ 21 рӯз рухсатӣ дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоянд.
Суроғаи марказӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, бинои 80.
Телефонҳо барои тамос: Дар шаҳри Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994 ва +992 931 137 171.
Дафтарҳои минтақавӣ: Хатлон (+992905 800 063 ва +992 934 878 828), Суғд (+992 928 079 999), ВМКБ (+992 935 101 439).