Arzon march 2024
Ронанда дар зери “Тойёта” ҷон доду...
2190


Санаи 13-уми марти соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Версо” Маҳмудов Паҳлавӣ Бадриддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Хуросон, тахминан соати 20:50-дақиқа дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Маҳмудов П.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад ва мусофири дохили автомашина Маҳмудов Саркор Зиёвиддинович, соли таваллудаш 1983, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Нисбат ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД