Вақтҳои охир бо сабаби беэҳтиётии ронандагон ва ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тамоман риоя кардани роҳгузарон садамаҳои нақлиётӣ тез-тез сар зада, фоҷиаҳои хунинро ба думбол меоранд.
Беинсофии як ронандаи ҷавон, ки баъди пахш кардани роҳгузар бо мошинаш аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст, боиси марги як одами бегуноҳ гашт.
Ин ҳодисаи хунин рӯзи 8-уми январ, тахминан соатҳои 20:05 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоев Алишер Қурбонович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри мазкурро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Марди 56-сола бар асари ин садама ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Ронандаи беинсоф баъди пахш кардани одам аз ҷойи ҳодиса фирор намуда, боварӣ дошт, ки ин сир пинҳон ва ӯ аз ҷавобгарӣ дар амон мемонад, аммо тираш хок хӯрда, ба чанг афтод.
Тавре ки ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо» Халилов Дилшод Ҷовидонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар ҳодисаи мазкур дастгир шудааст.
Айни замон тафтишоти ҷузъиёти дигари ин садамаи сархӯр идома дорад.