Sebiston new 2024 october
Роҳи Ворух кушода шуд!
1032


Айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ором аст ва тарафҳо гуфтушунидҳоро дар бораи риояи оташбас давом медиҳанд.

Роҳҳои мошингард барои равуо дар минтақаҳои аҳолинишини сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз шуданд, ин тасмим дар пайи музокироти ахири гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб, ки 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" доир гардид, гирифта шуд,- хабар додааст “Спутник”.
Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот таъкид шудааст, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.
Лозим ба ёдоварист, ки 16- сентябри соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон низоъ бархост, ки аз ду ҷониб даҳҳо тан ҷарроҳат бардоштаву ба ҳалокат расиданд. Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД