goodwell
Роҳи сарфакорӣ ва беҳбудии оила
57

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8-уми июни соли 2007 қабул шудааст. Дар зиндагии имрӯза ҳар як оила барои гузаронидани рӯзгори худ ба маблағ ниёз дорад. Аммо танҳо доштани пул кофӣ нест, балки онро дуруст сарф кардан муҳим аст. Дар инҷо мафҳуми танзим нақши хеле муҳимро мебозад.

Танзим маънои ба тартиб даровардан ва дуруст истифода бурдани маблағ аст. Агар ҳар як оила хароҷоти худро бенақшаву беназорат анҷом диҳад, буҷа зуд тамом ва дар оила мушкилоти молявӣ пайдо мешавад. Аз ҳамин сабаб танзим ба мардум кӯмак мекунад, ки даромад ва хароҷоти оиларо таҳти назар бигиранд. Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, дар ҳар як оила таҳкими худро ёбад.

Яке аз роҳҳои асосии танзим ин тартиб додани нақшаи буҷа мебошад. Оила метавонад аввал даромади худро ҳисоб кунад баъдан хароҷоти муҳими рӯзгорро. Ҳамин тавр пул беҳуда сарф намешавад. Танзим ҳаёти рӯзгори одамонро ба нақша медарорад. Одам медонад, ки бояд маблағро ба таври оқилона истифода барад аз харҷи беҳуда худдорӣ кунад.

Масалан хариди чизҳое, ки ба онҳо лозим нест кам мешавад ё маъракаҳое, ки ба онҳо ҳеҷ зарурате нест гузаронида намешавад ва маблағ бошад ба буҷаи оила захира карда мешавад. Боз як фоидаи танзим дар он аст, ки он ба оила оромӣ ва суботи молявӣ мебахшад. Вақте ки буҷаи оила зери назорат аст одамон аз ташвиши қарз ва камбудии пул озод мешаванд ва зиндагии орому хушбахт доранд. Бояд ҳамеша Қонуни миллиро риоя кард ва барои оромии оила ва пешрафти он саҳми арзанда гузошт.

Зайнура ЭГАМБЕРДИЗОДА,

корманди осорхонаи ба номи А. Рӯдакӣ, ш. Панҷакент

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД