Ширкатҳое, ки бо мошинҳои калони боркаш молу маҳсулоти истеҳсоли Чинро ба Тоҷикистон меоранд, чанд вақт боз бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта буданд, зеро дар марзи Чин ва Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи аз сарҳад гузаронидани борро намедоданд.
Хушбахтона ин мушкил ҳал шуда, акнун ширкатҳо метавонанд дубора бидуни мамоният молҳои чиниро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар ин бора худи ширкатҳои боркашонӣ ба расонаҳо хабар додаанд.
“Мошинҳои боркаш метавонанд бидуни ягон мамоният тариқи назоратгоҳи сарҳадии (КПП) «Қулма-Қаросу» аз минтақаи марзии ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ва Қашгараи кишвари Чин гузаранд. Борҳо аз рӯйи реҷаи пештара гузаронида мешаванд”,- омадааст дар хабар.
Бор аз Чин ба Тоҷикистон дар муддати 14-18 рӯз расонида мешавад.