Роҳи Қароқорум яке аз баландтарину хатарноктарин роҳҳои кӯҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Сохтмони ин роҳ соли 1966 оғоз ёфта, шаҳри Исломободи Покистонро бо шаҳри Қошғари Чин мепайвандад.
Роҳи мазкур давоми 21 сол сохта шуд ва харҷи он 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Аз 25.000 муҳандису коргаре, ки дар сохтмони он фаъолият доштанд, 1000 нафарашон фавтидаанд.
Ронандагон ҳангоми убури он ҷони худро дар хатар мемонанд. Аксаран онҳо дар ин роҳ зери тарма монда, ба ҳалокат мерасанд.