Аз 28-уми апрели соли ҷорӣ ҳаракати тамоми намудҳои нақлиёт тариқи кӯчаи Соҳилӣ ба муддати номуайян баста мешавад.
Дар ин бора Мдк Душанбенаклиётхадамотрасон хабар додааст.
“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз санаи 28-апрели соли 2023, бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ (дар масофаи 0,7 км) ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардида, муввақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ба ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайри автобусии №81 ва хатсайрҳои микроавтобусии №№ 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 тағирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кўчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад”-омадааст дар хабар.