Ширкати IRS хабар медиҳад, ки аз шаби гузашта то имрӯз дар минтақаи Варзоб 9 тарма фаромада, ба ҳамин хотир ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ гардидааст.
Бино ба иттилои ширкат, кормандон дар маҳал қарор дошта, барои бартараф намудани тармаҳо корҳои поксозиро идома медиҳанд. Қайд мешавад, ки баста будани роҳ метавонад 2-3 соат идома ёбад.
IRS аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар вазъиятро ба назар гирифта, чораҳои эҳтиётӣ андешанд.