Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таъмирӣ дар роҳи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз ёфтанд.
Таъмири роҳи мазкур аз рӯйи лоиҳаи махсус бо супориши Сарвари давлат ҳанӯз моҳи феврали соли равон оғоз ёфта буд, вале бо сабаби номусоидии боду ҳаво он мавқуф гузошта шуд. Инак, роҳсозон боз ба кор шуруъ намуда, ба асфалтпӯш кардани роҳи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз намуданд.
Роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва истифодаи маблағҳои буҷавӣ роҳҳоеро, ки ба самти пойтахт мебаранд, таъмир ва навсозӣ намоянд.
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода аз сокинони маҳаллӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ободонии кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳо саҳми худро гузоранд.