Commerc banl
Роҳбарбонуи муваффақ
146

Дар зиндагӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки бо хирад, меҳнат, самимияту садоқат ва хислатҳои наҷиби инсонӣ дар дили халқ ҷой гирифта, дар ҷомеа соҳиби обрўву эътибор гардидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои муътабар Маҳбуба Сангинова мебошад.

Ў соли 1950 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Омўзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, соли 1970 ба факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад.

Маҳбуба Сангинова тибқи роҳхат микробиологи лабараторияи корхонаи шароббарории ноҳияи Вахш, пасон котиби ташкилоти комсомолии совхози боғу токпарварии ноҳияи Вахш таъин мегардад. Баъдан 3 маротиба вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии Оқгазаи ноҳияи мазкур интихоб мешавад. Мавсуф соли 1990 дар озмуни «Муаллими сол» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал мегардад.

Ў аз соли 2000-ум ҷонишини мудири маорифи шаҳри Истаравшан ва солҳои 2003-2007 мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр шуда фаъолият кардааст. Бонуи донишманду фозил Маҳбуба Сангинова солҳо дар Коллеҷи тиббии шаҳр, МТМУ №24, 32, 36 ҳамчун омӯзгори муваффақу соҳибтаҷриба фаъолияти пурсамар намуда, баъдан солҳо роҳбарии МТМУ №36 ва литсейи №2 (ҳозира гимназияи №6)-ро ба зимма дошт. Айни ҳол раиси кумитаи маҳаллаи Навобод мебошад.

Маҳбуба Сангинова бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқату масъулият ба халқу ватан хизмати шоиста намуда, ҳамоно чун шахси фаъол ва намунаи шахсияти комил миёни ҷомеа шуҳрат дорад. Ў дар ҳар куҷое, ки фаъолият кард, бо хоксорӣ, маданияти баланд, лаҳни ширину дили кушод маҳбубият пайдо карда, ҳамчун зани донишманд ва ташкилотчии муваффақ намунаи ибрат барои дигарон гардидааст.

Маҳбуба Сангинова Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зани фаъол, ходими ҷамъиятӣ ва соҳиби оилаи намунавӣ аст. Хизматҳои шоиставу шоёни муаллима борҳо бо ифтихорномаву сипосномаи МИҲД-и вилояту шаҳр қадрдонӣ шуда, соли 2002 бо медали ҷашнии «2500-солагии шаҳри Истаравшан» мукофотонида шудааст.

Маҳбуба Сангинова соҳиби 6 фарзанд, 22 набера ва 8 абера буда, имрўз дар ҳалқаи онҳо давлати пирӣ меронад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД