Шуруъ аз имрӯз то 31 августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз соати 10:00 то 19:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад.
Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкур бо мақсади таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чанок ба миён омадааст. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.
Икдоми мазкур дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон, инчунин воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.