Formula novemver 2024
Риана ба хотири пул мусулмон шуд
5410

 

Рианна ҳамеша сири хушбахтияшро аз ҳамагон пинҳон менамуд, вале баъди ҷонбезор кардани журналистон ӯ иқрор шуд, ки маҳз барои хушбахтӣ ва пешравӣ бо миллиардери араб, ки аз ӯ панҷ сол хурд аст, хонадор шудааст ва рӯзҳои наздик аз ӯ кӯдакдор хоҳад гашт...

Сарояндаи шинохтаи амрикоӣ Рианна дар мусоҳибааш бо хабарнигори Vogue ошкоро гуфтааст, ки бо миллиардери араб Ҳасан Ҷамил муносибати ошиқона дорад ва ошиқи пулдораш ба хотири оиладор шудан ба ӯ тамоми сарвату дороияшро пеши пояш рехтааст.

Рианна тафсилоти ҳаёти шахсиашро ба журналистон хеле кам нақл мекард, вале ин дафъа, ин ситораи машҳур тамоми сирру асрори ҳаёти оилавиашро фош намуда, гуфтааст, ки бо миллионери араб зиндагии ширин дорад ва хеле хушбахт аст.

“Мо дар аввал бо Ҳасан муносибати хуби ошиқона доштем, рафта- рафта ин ишқ ба муносибати зану шавҳарӣ табдил ёфт. Ҳасан маро ба никоҳи худ даровард ва пешниҳод намуд, ки дини ӯро қабул кунам. Азбаски Ҳасанро дӯст медоштам, бо ҷону дил иншарташро қабул карда, дини исломро қабул кардам. Ҳоло мо хушбахтем ва ман нақша дорам, ки аз Ҳасан фарзанд ба дунё орам, аммо ҳамааш дар дасти Аллоҳ аст”-гуфтааст Рианна.


Одатан онҳоро дар қисми болои қафаси сина ё дар тахтапушт-зери қулфак, байн ва зери шонаҳо ва миён ба муддати 15-20 дақиқа мегузоранд.

 


Ин сарояндаи маъруф мехоҳад ба наздикӣ расман бо миллионери араб издивоҷ намуда, либоси арӯсӣ ба бар кунад. Ба гуфтаи худи Рианна куртаи арӯсиашро дизайнери шинохта Галлиано омода месозад.

Рианна аз оғози касбаш бо тарроҳи бритониёӣ Ҷон Галлиано дӯстию ҳамкорӣ дошт, аз ҳамин хотир куртаи арӯсиашро маҳз ба ӯ фармоиш додааст.

Ҳасан соҳибкор буда аз оилаи асосгузори тиҷорати АМА Абдуло Латиф Ҷамил аст. Дороии Ҳасан 2,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

alt

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД