Маҳсулоти зарурӣ:
- Гӯшт – 250 гр;
- Равған – 100 мл;
- Пиёз – 1 дона;
- Помидор – 1 дона;
- Картошка – 3 дона;
- Сабзӣ – 1 дона;
- Нахӯд – 100 г;
- Қаланфури булғорӣ – 1 дона;
- Сирпиёз – 3 дандона
- намак,
- мурч,
- барги лавр,
- қаламфури сурх
- кабудиҳои хушк
Тарзи таҳия:
Гӯштро чоркунчаи ҳаҷман миёна ва пиёз, сабзӣ, картошка, қаланфури булғорию помидорро дар шакли чоркунҷаи хурд – хурд реза мекунем. Сирпиёзро бо паҳлуи корд зер карда, майда менамоем.
Гӯштро андаке таф дода, намак мезанем ва ҳамаи маҳсулоти резашударо илова карда, мезирбонем.
Нахӯдро андохта, 1 литр об мерезем. Баъди ҷӯшидан дар оташи паст мепазем ва мувофиқи табъ кабудиҳои тару хушк ҳамроҳ менамоем.