arzon replenishment
РЕЙД ДАР СОХТМОН БОЗ БОИСИ МОҶАРО ГАШТ
770

Кормандони мақомоти тафтишотии Россия дар шаҳри Екатеринбург боз як амалиёт гузаронида, дар рафти тафтиши ҳуҷҷатҳо муҳоҷирони меҳнатиро таҳқир кардаанд. Онҳо беш аз 150 нафар муҳоҷиронро зӯран пешандоз намуда, маҷбур кардаанд, ки сари зону нишаста, қариб гаваккашон ба пурсишгоҳ раванд.

Ин рафтори кормандони мақомоти тафтишотии Россия ғазаби диаспораҳои миллӣ ва дигар ташкилотҳоеро овардааст, ки аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон дифоъ мекунанд.

Аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон талаб кардааст, ки рафтори кормандони мақомоти тафтишотӣ дар рафти амалиёт дар сохтмон дар шаҳри Екатеринбург аз ҷониби роҳаброни мақомоти болоӣ ҷиддан санҷида шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Дар ин бора tsargrad.tv хабар додааст.

“Дар шаҳри Екатеринбург кормандони мақомоти тафтишотӣ,аз ҷумла кормандони прокуратура, ФСБ, МВД ва Росгвардия дар як обекти сохтмонӣ амалиёти навбатии худро гузаронида, дар рафти он ҳуҷҷатҳои зиёда аз 150 нафар муҳоҷиронимеҳнатиро тафтиш карданд.

Онҳо муҳоҷиронро пешандоз карда, маҷбур намудаанд, ки сари зону, қариб гаваккашон ба пурсиш раванд. Аз 150 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ 8 нафарашон барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратӣ аз қаламрави кишвар “депортатсия” карда шуда, ба 4 нафари дигар барои ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия ба хизмат рафтан даъватномаи ҳарбӣ супурдаанд” –менависад манбаъ.

Ин рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия боиси норозигии диаспораҳои миллӣ гашта, талаб доранд, ки то кадом андоза қонунӣ будани рафтори онҳо санҷида шавад.

Дифоъ кардани диаспораҳои миллӣ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба депутатҳои рус бисёр сахт расидааст ва онҳо диаспораҳоро “ташкилотҳои ҷиноӣ” номида,мехоҳанд фаъолияти чунин ташкилотҳо дар россия қатъ карда шавад.

Бархе аз дептатҳои рус, аз ҷумла Пётр Толстой талаб карда истодаанд, ки ба либеразилми байни миллатҳо дар Россия зудтар хотима гузошта, диаспораҳои миллиро барҳам диҳанд. “Диаспораю обшинаҳои миллӣ танҳо ниқоб буда, дар асл як навъ ташкилотҳои ҷиноӣ (мафиозные структуры) ҳастанд ва онҳоро ҳарчи зудтар барҳам додан лозим аст” гуфтааст Толстой.

Бархе аз блогерҳои рус, аз ҷумла Колясников аз ҷониби кормандони мақомоти тафтишотӣ таҳқир шудани муҳоҷирони меҳнатиро амали қонунӣ номида, навиштаанд, ки агар ба муҳоҷирон онҳоро зӯран сари зону шинонда ба пурсиш бурдани кормандони мақомоти тафтишотӣ, ки вазифаи касбии худро ҷиро мекунанд, маъқул набошад, бизгор ба ватани худашон раванд. Маълум нест, ки дар байни нафарони дар ин сохтмон кор мекарда тоҷикон буданд ё не.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД