Рекорди нохунҳои панҷметра
04.10.2025
Oila.tj
67

Марде аз Ветнам бо нохунҳои ғайриодии худ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дар давоми беш аз 30 сол ӯ нохунҳои дастонашро қайчӣ накарда, дарозии умумияшонро ба зиёда аз 5 метр расонидааст.

Лиу Конг Хюен ҳанӯз соли 1991 қарор кард, ки нохунҳояшро қайчӣ намекунад. Сабабаш он буд, ки мехост мисли падараш шаман шавад. Вақте муаллим шудан натавонист, ӯ касби рассомиро интихоб кард.

Барои чен кардани нохунҳо кормандони Гиннес онҳоро бо ресмон печонда, дарозияшро ҳисоб карданд. Маълум шуд, ки нохуни дарозтарин дар ангушти калони дасти чап 127 сантиметр аст. Дасти чапаш 388 см, дасти рост бошад, 205 см нохун дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД