Бонуи итолиёвӣ Эмма Мария Мазенгаи 91-сола масофаи 200 метрро дар 51,47 сония тай карда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
Баъд аз ин дастовард, мавсуф бо ҳаяҷон иброз дошт: “Хеле хушҳолам ва дар ҳайратам, зеро фикр намекардам, ки ин қадар тез давида метавонам”.
Мазенгаи қавиирода дар 37 соли охир панҷ рекорди ҷаҳонӣ, нуҳ рекорди аврупоӣ ва 28 рекорди итолиёвӣ дар гурӯҳҳои синну соли гуногун гузоштааст.
Аҷиб ин аст, ки ӯ ба хотири тарбияи фарзандон дар синни 53-солагӣ пас аз 20 соли танаффус дубора ба варзиш баргашт ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт.
Варзишгари 91-сола нақша дорад, ки моҳи июл дар Чемпионати Италия ва соли оянда дар Чемпионати ҷаҳон (Шветсия) ширкат кунад. Вале ӯ шӯхиомез мегӯяд, ки нақшаҳои дарозмуддат тартиб намедиҳад...