“Регар-ТадАЗ” бо дастаи “Ал-Арабӣ”-и Кувайт бозӣ кард
117

Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бозӣ анҷом дод.

Бояд гуфт, ки ин бозии ҷолиб дар гурӯҳи «С» 28-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек баргузор гардид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Ҳамлагари дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 33-юм ҳисобро кушод. Баъди шаш дақиқа голи ҷавобиро бозингари дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт Абдулазиз Носарӣ ба нишон расонд. Голи дуюми дастаи «Ал-Арабӣ»-ро Юсуф Маҷид Ал-Шамарӣ дар дақиқаи 70-ум ба ҳадаф расонид. Дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи «Ал-Арабӣ» анҷом ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД