toyota motors
“Реал” шартномаи Винисиусро тамдид карданист
27.04.2026
Oila.tj
69

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ба тамдиди шартнома бо ҳамлагари бразилӣ Винисиус Ҷуниор хеле наздик шудааст.

Тавре ТВ “Варзиш” бо истинод ба қавли рӯзноманигор Флориан Плеттенберг хабар дод, миёни клуб ва бозигар аллакай мувофиқаи асосӣ ба даст омадааст. Ҳоло танҳо баъзе ҷузъиёти охирин боқӣ мондаанд, ки пас аз ҳал шудани онҳо шартномаи нав расман имзо хоҳад шуд.

Винисиус яке аз бозигарони калидии “Реал” ба ҳисоб рафта, нақши муҳим дар хати ҳамлаи даста дорад. Роҳбарияти клуб мехоҳад ӯро барои солҳои дароз дар ҳайат нигоҳ дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷории Ла Лига Винисиус дар 31 бозӣ иштирок намуда, 12 гол ба самар расонида, инчунин 5 партофти головар анҷом додааст. Ин нишондиҳандаҳо саҳми назарраси ӯро дар натиҷаҳои даста тасдиқ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД