Зӯроварӣ нисбати бачаҳо вақтҳои охир ба яке аз падидаҳои нохуши ҷомеаи мо мубаддал гаштааст. Дар пайи муносибати бераҳмонаи калонсолон нисбат ба атфол, баъзан кӯдакон зарари сахти ҷисмонию равонӣ мебинанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҳодисаи нохуши зӯроварӣ алайҳи кӯдак хабар додааст.
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия як ҷавони 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии кӯдаки ноболиғ боздошт шудааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, боздоштшуда бо як кӯдаки 10-сола ҷангу ҷанҷол намуда, дар сари қаҳру ғазаб ба сари писарак бо санг задааст. Дар натиҷа кӯдаки 10-сола ҷароҳат бардошта, фавран ба беморхона интиқол дода шуд.
Ҷавони ба кӯдак осеб расонида боздошт шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.