Равуои тоҷикон барои табобат ба Ӯзбекистон афзоиш ёфтааст
16.01.2026
Oila.tj
71

Миёни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ӯзбекистон бо ҳадафи табобат сафар намудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор доранд.

Тибқи иттилои Агентии миллии омори Ӯзбекистон, омори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар табобат гирифтаанд, ба 55,8 ҳазор нафар мерасад.

Дар маҷмуъ, тайи соли 2025 беш аз 80 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои табобат ба Ӯзбекистон сафар кардаанд. Бо ин ҳисоб, шаҳрвандони Тоҷикистон зиёда аз 66 дарсади шумораи умумии хориҷиёнеро ташкил медиҳанд, ки барои табобат ба ин кишвар омадаанд.

Дар ҷойи дуюм шаҳрвандони Қирғизистон бо 14,2 ҳазор нафар ва дар ҷойи сеюм шаҳрвандони Қазоқистон бо 7,6 ҳазор нафар қарор доранд. Аз Русия бошад, 1,8 ҳазор нафар барои табобат ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз беҳтар шудани равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ва боз шудани марзҳо равуои шаҳрвандони ду кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД