Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дастаҳои “Равшан” ва “Трактор” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи тими “Трактор”-и Эрон анҷом ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз ҳайати дастаи “Трактор” голҳоро Амирҳусейн Ҳусейнзода дар дақиқаҳои 26-ум, 32-юм ва Томислав Штркал дар дақиқаи 80-ум ба самар расониданд. Ягона аввалин голи “Равшан”-ро дар ин бозӣ ва Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё Давид Мавутор ба самар расонид.
Ин бохти дуюми пайиҳами “Равшан” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё буд. Дар ду бозии қаблӣ тими мо аз “Ал-Вакра” (0:1) мағлуб ва бо “Моҳун -Баган” (0:0) мусовӣ карда буд. Баъдан “Моҳун Баган” аз мусобиқа хориҷ карда шуд ва ҳоло “Равшан” дар гурӯҳ бидуни имтиёз аст.
Бозиҳои ояндаи “Равшан” дар даври чаҳоруми Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дар сафар бо “Трактор” рӯзи 6-уми ноябр хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки “Равшан” ҳоло бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳи “А” аст. “Трактор” бо 6 имтиёз дар зинаи аввал ва “Ал-Вакра” бо 3 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтаанд.