arzon replenishment
Рашт: Падар писарро корд зад!
1104

Падар қиблагоҳ ва пушту паноҳи фарзанд аст, аммо меҳру муҳаббат дар замони мо он қадар ноёб гаштаву кинаву адоват чунон афзудааст, ки имрӯз ҳатто падар ба фарзандаш заррае раҳму шафқат намекунад. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти падаре хабар додааст, ки фарзандашро бераҳмона корд задааст.
Ин ҳодисаи хунин шоми 16-сентябр, тахминан соатҳои 17.30 дар деҳаи Ниширёни ноҳияи Рашт сар зада, байни як мӯйсафеди 77-солаи сокини ин деҳа ва писари 41-солааш ҷангу ҷанҷол ба амал омадааст. Дар рафти моҷарои хонаводагӣ мӯйсафед ба фарзандаш ҳуқум карда, ба шиками писараш корд задааст.
Писари ғарқи хунро ба бемористон интиқол доданд, нисбати падари беандеша бошад, бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД