Arzon march 2024
Рашки зан Қисми 2
1770


Шабнам бехабар аз найрангҳои Санам дастархони пур нозу неъмат ороста, мунтазири омадани хоҳари шавҳараш буд ва баробари баланд шудани садои занг ба сӯйи дар давид, вале дарро боз кардан баробар Санам мисли модаргурги гурусна ба ӯ дарафтод ва чанд зада аз банди мӯяш дошту Шабнамро зери шаттаву мушт гирифт.

“ Маймунаки шавҳардузд, бахти маро аз худ карда, айшу ишрат карда гаштаӣ-а?! Ман туро мекушам! Инро аз хотират набарор, Насим танҳо аз ман аст! Мурдааш халос нашавад, зиндааш ҳеҷ гоҳ аз ман халос намешавад. Беҳтараш ба хубӣ даст аз шавҳари ман даст каш, набошад туро зинда намемонам...”-девонавор дод мезад Санам ва сарй рӯйи Шабнамро хуншор крада, қабза-қабза мӯйҳояшро канда мегирифт. Ҷавонзани бечора тобу тавоне надошт, ки ба ин зани шаттоҳ муқовимат кунад, вай мисли ҷӯчаи ба чанги гурбаи ваҳшӣ афтида, беҳолона кӯшиши аз чанголи Санамраҳоӣ ёфтан мекард, вале рақибаш ба ин имкон надода, ҳамоно ӯро мезаду мезад...

Баьди ҳамон ҷанҷоли занҳояш Насим дигар ба назди Шабнам наомада буд, вале Санам мехост дар гум шудани шавҳараш палонҷашро муттаҳам карда, ба сари Шабнам ягон балои азим орад...
ххххххх
Модари Насим ба даст доштани зани дуюми шавҳараш боварӣ надошт, вай баръакс аз Санам гумонбар буд, зеро вақтҳои охир ин зан аз рашк тамоман ҷиннӣ шуда буд. Холаи Гулшан бо ҳар баҳона чанд бор ба ҳуҷраи келинаш даромада, тамоми гӯшаву канорашро кофт, ки шояд ягон нишона меёбад, аммо ягон чизи шубҳанок пайдо накард. Либосҳои кориву берунраваки Насим дар шифонер овезон буданд ва модар ҳайрон буд, ки писараш бо либоси хонагӣ ба куҷо ғайб зада бошад. Дар дилаш алав афтид, ки мабодо келинаш аз рашк ба сари писараш ягонбало наоварда бошад ва тахмину гумонҳояшро ба муффатишон нақл кард. Онҳо ба кампир маслиҳат доданд, ки аз паси келилаш пинҳонӣ назорат бурда истад....
ххххххх
Санам гиряву нолакунон чунон нақш мебозид, ки гумон мекардӣ дар дунё аз вай дида зани ба шавҳараш ошиқтаре нест, вале шабҳо ба куҷое ғайб мезад. Хушдоманаш аввалҳо гумон кард, ки шояд бо ягон марди бегона робита пайдо кардааст ва дар дилаш бо келинаш мунозиракунон “писари ман ғайб зада бошад ҳам, ҳанӯз намурдааст ва ман намемонам, ки ту ба вай хиёнат карда, обрӯйи писарамро резонӣ, агар ягон хушдор ёфта бошӣ, рӯятро сиёҳ мекунам”гӯён, аз паси вай мепоидагӣ шуд, вале Санам аз ҳавлӣ берун намерафт ва аз сари девор ба ҳавлӣ даромадани касеро низ пай набурд. “Аҷиб ин занак ба куҷо ғайб мезада бошад-а? Гӯён, поиданашро давом дод ва билохира сирру асрори келинашро фош кард. Дар поёни ҳавлиашон як таҳхонаи кӯҳнаву фарсудае буд, ки чандин сол боз касе ба он ҷо сар намехалонд. Шабе кампир дид, ки чи тавр келинаш дар даст табақи пур аз хӯрок ба ҳамон таҳхона фаромада истодааст. Хост аз пасаш равад, вале боз андеша кард, ки аз дасти ин зани шаттоҳ ҳар кор меояд, барои он ки сирраш фош нашавад, ӯро куштанаш мумкин аст. Базӯр то саҳар тоқат кард ва субҳи солеҳон ноаён аз хона бармада ба сӯйи идораи милитсия давид...

Бо шунидани нақли кампир як гурӯҳ кормандони милитсияро ба хонаионҳо фиристоданд. Онҳо аз Санам талаб карданд, ки дари таҳхонаро ба хубӣ кушояд.Санам дар аввал доду фарёд бардошт, ки Таҳхона солҳо боз бекор хобидаасту калидаш гумшудааст, вале кормандони милитсия таъкид карданд, ки агар ба хубӣ накушояд, дарро мешикананд. Зан ночор монда дарро кушод.

Баробари вориди таҳона шудан онҳо ба даҳшат афтиданд. Насим дар як кунҷи таҳхона бо дасту пойи баста мехобид. Дар ин се моҳ ришу мӯйи сараш расида, чеҳраи заҳираш ба бомжҳо монанд гашта буд. Кормандони милитсияро дида вай аз хурсандӣ гирист ва нақл кард, ки чи тавр зани аз рашк девонагаштааш ӯро бо фиребу найранг ба ин таҳхона оварда, аз пушт бап сараш бо сангзадааст. Вақте ки Насим азҳуш меравад, Санамдасту пойи ӯро бо занҷир баста, муддати се моҳ дар ҳамин таҳхона нигоҳ медорад.

Санам ҳақораткунон мегуфт, ки ман аз кори кардаам ягон зарра пушаймон нестам, маро зиндон кунанд ҳам, намемонам, ки ту бо шабнам зиндагӣ кунӣ. Талоқи зани дуюматро деҳ, набошад аз зиндон бароям, ҳардуятонро мекушам...
Ҳама даст ба гиребон бурда, астағфуруллоҳ мегуфтанд.
хххххх

Санамро ба муддати 7 сол ҳабс карданд. Шавҳараш ӯро дар толори суд ҷавобашро дод. Санам ба ҷойи пушаймонӣ бо тамоми овоз дод мезад, ки аз зиндон озод шавам, ҳардуятонро мекушам...
Ҳоло Шабнам бо шавҳараш хушбахтона зиндагӣ доранду соҳиби як писарчаанд. Худованд ҳар марду ҳар занро аз рашки оламсӯз дар паноҳаш нигаҳбон бошад!
Шаҳлои Наҷиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД