Салом! Ман-як ҷавони зиндаятими ба меҳру муҳаббати падар зор мехоҳам саргузашти талхи оилаамонро нақл кунам, то ки ба дигарон дарси ибрат шавад ва занҳо хонаи бахташонро бо дасти худашон вайрон насозанд.
Ман дар як деҳаи дурдасти Ҳисор дар оилаи камбизоат ба дунё омадаам. Модарам, ки як зани деҳотии бемаълумот буд ва барои шавҳарашро аз даст надодан пай дар пай панҷ кӯдак таваллуд кардааст. Мо ҳамеша либоси кӯҳнаи дигаронро мепӯшидем, зеро волидонам базӯр нони шикамамонро меёфтанд.
Хулоса, таъмини оилаи калон барои падарам душворӣ карда, ночор қатори дигар ҷавонмардон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, то ки шароити зиндагиамонро беҳтар созад.Бечора падарам ба хотири ризқу рӯзии зану бачаҳояшро пайдо кардан дар мулки рус бо садҳо ранҷу азоб кор мекард ва ҳар моҳ ба қадри имкон пул мефиристод, вале модари бадрашкам “ман хуб медонам, ту бо баҳонаи кор бо беваҳои рус кайфу сафо карда мегардӣ” гӯён, тез-тез тариқи телефон бо падарам ҷангу ҷанҷол карда, дилашро меозурд. Оқибат бибиам, ки худашон фарзандонашонро тани танҳо ба воя расонида буданд, аз моҷарои келин безор шуда, парастории моро бар дӯши худ гирифтанд ва чиптаи ҳавопаймо харида, модарамро ба Русия ба назди шавҳараш гусул карданд.
Падарам аз омадани ҳамсараш шод нагашта, модарамро сарзаниш кардааст, ки барои чи кӯдаконро партофта омадаӣ. Модари бадрашкам ба ҷойи он ки бо меҳрубонӣ дили шавҳарашро ба даст биёрад, дар Русия аз рашку итоб намонда, ҳар рӯз бо падарам ҷангу ҷанҷол мекардааст. Боре гапашон сахт мегурезад ва падарам сари қаҳр модарамро талоқ медиҳад.
Ҳамин тавр зиндагии оилавиашон вайрон шуд ва модарам ба Тоҷикистон баргашта, танҳо хоҳари хурдиамро, ки ҳанӯз дусола нашуда буд, бо худ гирифту мо-чаҳор фарзанди дигарашро партофта рафт. Бало танҳо намеояд гуфтагӣ барин, аз байн як сол нагузашта бибии меҳрубонам, ки барои мо, чаҳор кӯдаки зиндаятим ҳам падару ҳам модар шуда буд, ба сактаи дил гирифтор шуда,аз олам чашм пӯшид.Падарам бо шунидани хабари марги модари азизаш ба Ватан баргашта,маъракаҳои бибиҷонамро гузаронд ва аз ночорӣ моро ба интернат супурда боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт.
Албатта давлат ягон кӯдакро бе паноҳ ва гурусна намегузорад, вале дурӣ аз падару модар ҷигари ман ва хоҳару додарконамро хун мекунад. Ман дар вайрон шудани оилаамон танҳо модарамро гунаҳкор медонам, агар ӯ каме лаҷоми рашкашро кашида, сабру таҳаммул мекард ва ба Русия намерафт, шояд худаш сиёҳбахт ва мо зиндаятим намегаштем.
Ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки дар пастию баландиҳои зиндагӣ сабӯр бошанд ва барои ҳар як майда-чуйда бо шавҳарашон ҷангу ҷанҷол накунанд, чунки баъзан як сухани ноҷо ҳаёти як не, чанд инсонро месӯзад.
Адолат аз ш. Ҳисор