Formula novemver 2024
Рашки маймун балои ҷони Наимҷон гашт
5828

 

Дирӯз яке аз мухлисони ашадии сарояндаи ҷавону хушсадо Наимҷони Сайдалӣ ба идораи сомонаи Oila.tj занг зада хабар дод, ки ин ҷавони боистеъдодро саг газидааст ва айни замон дар беморхона қарор дорад. Ин хабар аҳли эҷоди “Оила”-ро ба ташвиш овард ва мо ба Наимҷон занг задем.

-Салом Наимҷон!

-Алейкум салом!

-Ман Шабнам Тоҳирӣ, хабарнигори сомонаи Оила. ТҶ ҳастам. Як мухлисатон хабар дод,ки шуморо саг газидаасту ҳолатон хеле бад аст. Ташвиш шуда ба шумо занг задем, ки ҳақиқати ҳолро фаҳмем...

-Маро саг нею маймун газид!

-Ваҳ! Магар ба боғи ҳайвонот рафта будед?

-Ман ҳайвонотро зиёд дӯст медорам ва дар хонаам як боғи ҳайвоноти худакак ташкил кардаам. Оҳу, хирс, харгӯш ва боз чанд намуд ҳайвонҳои дигарро парвариш менамоям. Росташро гӯям, аз байни ҳама ҳайвонҳо маймунро бештар дӯст медорам. Маймуни ман бароям мисли як дӯст азиз аст ва баъзан маймунамро ҳатто ба мошин шинонда, ба сайру тамошо мебарам. Маймун бисёр эрка шудааст ва маро ба ҳама рашк мекунад. (Механдад). Бовар кунед, ин маймун ончунон бадрашк аст, ки бо ягон зан ё духтар сӯҳбат карданамро бинад, девона мешавад. Ҳар гоҳе, ки ҳамсарамро меҳрубонӣ кунам, маймун рашк карда маро мезанад ё мегазад.


Дар ҷавоб модел ҳамеша бо ифтихор мегуфт, ки дӯстдоштааш миллионер аст ва барои ӯ чизеро дареғ намедорад, аммо чанде пеш хабари фоҳиша будани ин блогери машҳур дар тамоми сомонаҳои интернетӣ барқсон паҳн гашт.

 


-Бисёр аҷоиб–ку! Шумо иҷозат медиҳед, агар ягон рӯз дар манзилатон меҳмон шуда, маймуни бадрашкатонро ба навор бигирем?

-Марҳамат, ҳар гоҳ, ки дилатон хост, омадан гиред. Фақат пешакӣ як бор “алло” гӯед, кифоя аст. (Механдад).

-Наимҷон, барои чунин сӯҳбати ошкоро ба шумо як ҷаҳон ташаккур! Дуо мекунем, ки ҳарчи зудтар шифо ёбед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД