Берӯзӣ
Гулоро дар тарбияи аммааш ба воя расид, зеро модараш ҳангоми таваллуди ӯ сари фарзанд рафту бибию бобои модарияш сархӯр гуфта, аз вай даст кашиданд. Бибии падарияш худ бемори бистарӣ бошад ҳам, аз духтараш хоҳиш намуд, ки ҷиянашро ба тарбияи худ гирад. Аҳлия як писару як духтар дошт ва ба хотири гапи модари бемораш шавҳарашро розӣ кунонида, духтари додарашро ба тарбияи худ гирифт.
Падари Гулоро гоҳ- гоҳе барои духтарчааш сару либос ё шириниҳо харида меовард, вале чун оилаи нав барпо карду соҳиби фарзанд шуд, ӯро аз хотир баровард. Аҳлияву шавҳараш “сари ятимро сила намудан савоб аст” гӯён, ӯро аз духтару писари худашон дида зиёдтар дӯст медоштанду аҳмият медоданд. Гулоро рӯз ба рӯз қад кашида, духтараки зебое шуд. Ӯ аммаашро оча ва язнаашро ота мегуфт…
Дар синфи ҳашт мехонд, ки апааш Заринаро ба шавҳар доданд, дар шаби тӯйи Зарина кадоме аз хешовандонашон ба вай гуфтааст, ки ту ба очаат на духтар, балки ҷиян мешавӣ. Пас аз тӯй Гулоро бо гиряву зорӣ аз Аҳлия рости гапро пурсид ва аммааш ҳамаро ба вай гуфта дод. Шояд ҳамаи ин ба ҳолати рӯҳонии духтарча зарба зад, ки дар як муддати кӯтоҳ тағйир ёфт…
Бероҳа
Гулоро акнун бо бачаҳои аз худаш калон гап мезаду либосҳои тангу кӯтоҳ пӯшида, ба рӯяш ранги зиёд мемолид, ки ин ҳама ӯро ба масхарабозҳои сирк монанд мекард. Бародараш чанд бор ӯро сахт ҷанг кард, модараш ҳам, аммо ӯ бидиррос зада гап мегардонд, ки шумо барои ман ҳеҷ кас нестеду коратон ба ман набошад. Аҳлия хуни дил мехӯрду ҳамон нафари хабаркашро дуои бад мекард. Ӯ ва шавҳараш маслиҳат карда буданд, ки баъди шавҳар кардану фарзанддор шуданаш ба духтарак рости гапро мегӯянд. Рӯз ба рӯз аҳвол бад мешуду беҳтар не, Зарина низ ҳар гоҳи ба хабаргирии модараш омадан Гулороро насиҳат мекард, ки боодоб шавад, вале…
Аҳлия барои писараш келин фароварду рӯзи сиёҳи дигар сар шуд. Гулоро келинро чашми дидан надошту бо ӯ шабу рӯз ҷанг мекард. Як рӯзи дигар баъди ҷангу ҷанҷол акааш як шаппотӣ ба рӯйи ӯ зад ва Гулоро бору буғчаашро бардошта, ба хонаи падараш рафт. Дар деҳае, ки падараш мезист, ба зӯр синфи нӯҳро хатм карда, ҷони падару моиндар ва додару хоҳаронашро ба нӯги бинӣ оварда, як рӯзи дигар “ман хонданӣ меравам” гуфта, азми сафари шаҳр кард…
Падараш аз бало ҳазар гуфтагӣ барин маблағе ба дасташ доду дигар ёде накард, ки духтараш дар куҷост? Барои Гулоро ин айни муддао буд ва аспи зиндагияшро ба майли хеш қамчин мекард…
Дар шаҳри пурғавғо
Гулоро рӯзи аввали ба шаҳр омаданашро хуб дар ёд дорад…
Таксӣ ӯро дар назди бозори «Корвон» фаровард, ӯ намедонист куҷо равад ва чӣ кор кунад. Оҳиста-оҳиста пушти дари як ошхона қарор гирифту эълони ба дари фарсудаи он задаро ҳиҷҷа карда хонд: “Коргар даркор”. Вориди ошхона шуду ҷавонзани сиёҳҷурдаи мардаксифати пеши дарро салом дода гуфт:
-Ман кор меҷӯям…
Зан ӯро ба як ҳуҷраи кории хурдакак бурда, тарҷумаи ҳолашро пурсид. Гулоро то метавонист, худро ранҷуру сағираи бесоҳиб нишон дода, раҳми занро овард ва Сарварой-соҳиби ошхона ӯро ба кор гирифту масъалаи ҷойи хобашро низ ҳал кард. Акнун ӯ бо ду ҷавонзани ҳамроҳаш дар як хонаи якҳуҷрагии наздикии бозор иҷора менишаст. Нозиву Боғӣ, духтарҳо худро чунин муаррифӣ карданд ба Гулоро, ки акнун Гулӣ шуда буд, гуфтанд, ки агар мабалағи иловагӣ кор кардан хоҳад, кам- кам ба «меҳмонӣ» бояд равад. Онҳо ҳар шаб худашон ягон ҷо мерафтанд ё мардони бегонаро хона меоварданду Гулороро дар ошхона ё айвон маҳкам карда…
Як рӯз меҳмонони овардаи духтарҳо ӯро дида, ба як ҷӯраашон занг заданд, ки биё ин ҷо яктаи дигар ҳаст. Гулоро кайҳо боз мехост мисли ҳамкоронаш пули иловагӣ кор кунад ва аз ин «лутф»-и меҳмонон хурсанд ҳам шуд. Пас аз ним соат як ҷавонмарди болобаланди зардина вори хона гашт ва ӯро ба ошхона назди Гулоро фиристоданд. Духтарак дар деҳа бо чанд ҷавон ишқбозӣ карда буду оғӯшу канорро дида, аммо то ҳол духтар буд. Меҳмон аз забони Гулоро бокира ва ноболиғ буданашро шунида, ба ӯ даст нарасонд.
Аммо рӯзи дигар назди ошхона пайдо шуда, ӯро наздаш хонд ва гуфт:
-Ту ба ман маъқул шудӣ, боз сағира будаӣ, агар розӣ шавӣ, ман туро никоҳ карда мегирам. Зану фарзандони ман дар деҳа, худам ин ҷо дар як бозор савдогарӣ мекунам, Худо кунаду соҳиби пул шавам, аввал барои ту як хона мехарам. Ҳоло рафтем, ба иҷорахонаи ман…
Гулоро розӣ шуд ва тақдирашро бо Забир пайваст…
Дили бадхӯ
Забир даҳ сол аз зани наваш калон буд ва Гулороро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, барояш сару либос ва ороишот мехарид. Яхдонашон ҳамеша пури хӯрданиҳои лазиз буд, Гулоро низ худро пур карда, сафеду тозатар мешуд. Дар як ҳафта ду рӯз шанбею якшанбе ҳамроҳи шавҳараш ба бозор мебаромад ва дар савдо кардан ба вай ёрӣ мерасонд. Забир дар як моҳ як бор ду ё се рӯз ба деҳа ба назди зану фарзандонаш мерафт ва дар ҳамин гуна рӯзҳо Гулоро бо як ҷавони донишҷӯ, ки ҳамсинну соли худаш буд, шинос шуд ва рақамҳои телефонашро дод. Ҳар вақте хонаро холӣ ёбад бо Шараф дуру дароз сӯҳбат мекард, гоҳи дигар худашро бой нишон доданӣ шуда, ба телефони ҷавон бист-сӣ сомонӣ мегузаронд. Ин ду нафар ба ҳам унс гирифтанду вақтҳои ба деҳа рафтани Забир Гулорои бадхӯ ҷавонро ба хонаи иҷораашон даъват менамуд. Гулорои бадбахт ҳама некиҳои дар ҳаққи ӯ кардаи Забирро аз хотир бароварда, аспи ҳавас меронд, вале…
Касофат
Он шаби сарду барфбод низ Забир дар деҳа буд, ӯ ба Гулоро гуфт, ки хунук асту дар бозор савдо суст, як ҳафта дар деҳа меистад.Дар набудани Забир Шараф ҳар шаб бо Гулоро буд, ӯ аз дарс рост ба иҷорахонаи ҷавонзан меомад, гӯё хонаи худаш бошад. Се рӯз ошиқон ба айши ҳароми худашон банд, гумон доштанд Забир охири ҳафта меояд. Мард як одат дошт, ки пеш аз омаданаш ба занаш даҳ бор аз роҳ занг мезад. Аммо ин дафъа…
Забир се рӯз бо зану кӯдаконаш дар деҳа истоду рӯзи чорум хабари дар садама ҳалок шудани савдогари ҳампаҳлӯяш Бароталиро шунида, шабошаб ба шаҳр роҳакӣ шуд. Хеле дер таксӣ ёфту нахост Гулороро ташвиш диҳад, мон хоб равад, расидан баробар зангаш мезанаму бедораш мекунам, аз дил гузаронд Забир. Чун ба шаҳр расиданд, ақрабаки соат сарҳади дуро убур мекард, ӯ хост ба занаш занг занад, вале заряди телефонаш тамом шуда буд. Мард шалпару лакот бо калиди худаш дарро кушоду пеши дар пойафзоли мардонаро дида, ҳуш аз сараш парид, чун ба хонаи хобаш даромад, манзараеро дид, ки….
Забир худро ба рӯйи Шарафи масти хоб партофта, ӯро буғӣ кард, Гулоро инро дида, доду вой бардошт, аммо Забир ӯро бо як лагад хомӯш кард. Чун мард панҷаҳояшро аз гулӯи Шараф гирифт, ҷавонмард алаккай ҷон дода буд. Забир Гулороро зери мушту лагад гирифта, фаҳмид, ки аз омада рафтани ҷавон касе хабар надоштааст ва каме фикр карда, пайкари беҷони Шарафро аз ошёнаи шашум ба поён сарозер кард…
Рӯзи дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ аввал ҷасади Шараф ва баъди чанде Забири дастҳо ба занҷир бастаро пеш-пеш карда бурданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки аз касофтаи як бенамоз як маҳалла месӯзад…
Дилошӯб