Ман Маҳбубаи аз бахт наосуда ҳастам, ки барои тақдири бади худ ашки талх мерезам. Бо вуҷуди хеле ҷавон буданам, дилам аз зиндагӣ сарду қалбам пур аз дард гаштааст. Ҳар лаҳза шӯхиҳои шавҳарам дар гӯшҳоям садо медиҳанд.
Охир, ман ҳанӯз шаҳди арӯсиро начашида будам, модар шудану хушбахт будан мехостам, вале дар муддати хеле кӯтоҳ орзуҳоям ба бод рафтанд, дарахти бахтамро решакан карданд. Шавҳарам маро сари ғазаб се талоқ кард...
Дидори падар дар зиндон
Ҳанӯз дар батни модар 5-моҳа будам, ки падарамро бо туҳмат ба кунҷи зиндон бурданд. Вақте ба дунё меоям, маро ба наздаш мебаранд. Аз шодӣ бошад ё эҳсоси дигар, ки маро ба оғӯш гирифта, гиря мекунад. Ин ҳолати падарамро бобоям дида, тоқат намекунад. Ӯ (раҳматии бобоям) тамоми дороияшро мефурӯшаду падарамро баъди се сол аз маҳбас озод мекунанд. Ҳамин тавр, зиндагии якҷояи мо оғоз шуд ва модарам боз се писари дигар таваллуд кард, ки шукри Худо зиндаву саломат ҳастанд.
Аз бепулӣ дохил нашудам
Имрӯз бори зиндагӣ бар дӯши падарам аст. Хӯрондану пӯшонидани оилаамон, ки шаш нафар ҳастем, кори осон нест. Вақте мактабро хатм намудам, аз набудани шароит шиносномаамро дертар ба шуъбаи шиносномадиҳӣ супоридам ва сари вақт ба Маркази миллӣ ҳуҷҷат супорида натавонистам. Аз ин рӯ, модарам ба хотири он ки як соли умрам барабас наравад, маро ба курсҳои муҳосибӣ ва пухтупаз шомил намуд. Ҳунар омӯхтам ва худро таъмин мекардагӣ шудам. Дар ин миён хостгорони зиёд пайдо шуд, вале ба хотири як духтар буданам, хостгории хешовандони модарамро пазируфтам.
Фотеҳа ва ангуштарӣ
Моҳи июни соли 2020 бо розигии тарафайн моро фотиҳа карданду хушдоманам ба ман ангуштарӣ туҳфа намуданд. Баъди шаш моҳ тӯямон баргузор шуд. Дар муҳити нав кӯшиш мекардам, ки ба зудӣ ба роҳу равиши онҳо одат кунам. Ҳар хатогие мекардам, эроди хушдоманамро қабул карда, бо узрхоҳӣ думболи кори хона мешудам. Як шаб хушдоманам хоб буд, шавҳарам маро бо мошинаш ба тамошо бурданӣ шуд. Вале ҳанӯз аз деҳа набаромада, гази мошин тамом шуд ва мо дубора ба хона баргаштем. Мисли ҳамешагӣ саҳарӣ бо мақсади дар “печка” алов кардан, ба хонаи хушдоманам даромадам. Азбаски ҳамон суҳб офтоб баромада буд, пурсидам, ки “онаҷон, алов кунам ё ҳаво гарм аст?” Чанд маротиба пурсидам, хушдоманам гап назад. Охирон маротиба мепурсидам, ки аз ҷояш хесту дод зад, ки “аз дар баро, рангу рӯятро набинам”. Вале ман гуноҳамро намедонистам, пурсидам, ки “онаҷон, чӣ гуноҳ дорам?” “Шаб дар куҷо будӣ”,- гӯён, дод зад. Аз тарс меларзидам, вале гуфтам, ки бо писаратон ба кӯча баромадем. Хело дашному таҳқир кард, суханҳояшро ҳамчун нози модарона қабул карда, бахшиш пурсидам, вале дод зад, ки дар чашмам натоб. Ба хонаи хобам даромадаму набаромадам. Ин рафтори ман хашми хушдоманамро зиёд карда, модарамро бо телефон ба хонаамон даъват кард ва хеле аз ман шикоят кард.
“Гов”-и ҷангандоз
Дар оилаи худамон мо гову гӯсола надоштем, яъне ман таҷрибаи нигоҳубини ҳайвоноти хонагиро надоштам. Аз ин рӯ, чӣ қадар алаф додану “эм” додани гову гӯсолаҳоро аз шавҳарам мепурсидам. Мисли ҳарвақта баъд аз алаф ба гов об додам. Бо сабаби хунук будани об ё намедонам барои чӣ, гов обро нанӯшид. Баъд аз ним ё як соат хушдоманам ба гов об медиҳад, ки ҷонвар ду сатил об менӯшад. Хушдоманам боз борони дашному ҳақоратро ба сарам рехт. Ҳамоно хомӯш будам. Чунки воқеан ҳам гов аз дасти ман об нанӯшида буд. Шавҳарам инро намедонист, чунки дар ҷои кор буд. Ҳамин тавр, моҷарои калон сар зад. Вақте шавҳарам аз кор баргашт, дарро ба рӯяшон кушода, ӯро дар ҳоли хеле асабоният дидам. Ҳатто салом надода гуфт:
-Чизу чораатро ҷамъ кун, ҷавобатро додам, се талоқ...
Рашки хонасӯзи хушдоман
Бояд қайд намоям, ки дар давраи аввали оиладоршавӣ бо шавҳарам дар ҳавлӣ шӯхиву обпошӣ, хандаву бозӣ мекардем. Хушдоманам ҳамарӯза ин ҳамаро ба чашмаш медид. Фикр мекардам, ки хушбахтии фарзанд барояш муҳим ва аввалиндараҷа аст, вале хато кардам. Аз ҳар шӯхии мо табъаш хира гашта, бо баҳонае ҷанг мекарду гап намезад. Баъдтар фаҳмидам, ки хушдоманам рашк доштааст ва маҳз ҳамин чиз дар давоми чор моҳ писарашро хонавайрон кард. Рашки хушдоман оқибат боиси оилавайронии мо шуд.Ривоят меҷӯянд
Дар умри 21-солаам тамоми сахтию сангинии зиндагиро дидам. Ман духтари ягонаи хонадон ҳастам, боз се додари хурдсол дорам. Азбаски бо собиқ шавҳарам дар як маҳалла зиндагӣ мекунем, ба гӯшам ҳар гуна хабарҳо мерасад, ки гӯё онҳо барои дубора якҷоя кардани мо ривоят меҷӯянд, вале то ҷое медонам, сеталоқа ривоят надорад. Ин масъаларо ходимони дин хубтар медонанд. Бисёр мехостам, ки хушдоманҳои азиз духтарони мардумро мисли фарзанди худ қабул кунанд, хатогию камбудии моро ислоҳ намоянд, то ки кор то ба хонавайронӣ нарасад.
Маҳбуба