arzon replenishment
Рашк-зиндагиро обод мекунад
1341

 Рашк-ҳиссёти нофораме аст ки барои ҳар одам пайдо шуданаш мумкин аст ва онро пешгирӣ кардан ниҳоят мушкил аст. 

Ин ҳиссиёт замоне пайдо мешавад, ки кас фикр мекунад, ки шахси барояш муҳим ба ӯ кам ва ё умуман аҳмият медиҳад. Шахсе ки рашк мекунад, коре мекунад, ки каси дар назар будааш бештар ба ӯ диққат кунад. Аммо ин амал гоҳе аз доираи одобу эҳтиром мебарояд ва дустдошта аз ӯ меранҷад. Дар ин ҳолат рашки нолозим муносибати тарафайнро вайрон мекунад.

Кӣ ва кай рашк мекунад

Ҳисси бахилӣ ва рашк нисбати ҳама чиз ва дар ҳама ҳолат буданаш мумкин аст. Ба либос, ба хонаву дар, ба наздикон ва ҳоказо. Ин ҳис дар шахс барвақт, ҳанӯз замони кудак будан пайдо мешавад.

Равоншиносон бар он назаранд, ки аввалин ҳисси рашк дар кудак замони аз сина ҷудо шуданаш пайдо мешавад. Яъне то ин дам ӯ пистони модарашро мемакид ва баъди як муддат аз он ҷудо шуд. Ӯ дар худ ҳисси ноҳақиро пайдо мекунад ва дар натиҷа рашк мекунад. Яъне фикр мекунад, ки модараш дигаронро аз ӯ дида бештар дӯст медорад.

Наврасон ба дӯстонашон ҳисси бахилӣ пайдо мекунад. Касеро дӯст медоранд ва дар ивазаш ҷавоби мусбӣ пайдо намекунанд ва норозигияшон зиёд мешавад. Наврасоне, ки эҳтиром нисбати худ бисёр доранд ва худро дӯст медоранд рашк камтар мекунанд. Аммо ҷавононе, ки тарбияи психологияшон заиф асту худро аз дигарон паст ҳисоб мекунанд, ҳисси бахилию рашк дар онҳо бештар дида мешавад.

Бузурсолон низ ҳаргоҳе чизи хостаашонро ба даст наоранду, каси мехостаашон ба онҳо камтар аҳмият диҳад рашк бар онҳо ғалаба мекунад. Ин оддӣ аст ва касеро барои ин амал муҷозот кардан мумкин нест. Ин ҳисс, мисли дӯстдоштан, қаҳр кардан, дар ғазаб шудан, касеро бад дидан дар ҳар инсон вуҷуд дорад. Дар баъзе бештар ва касе ҳам парвои чизе ё касе надорад ва рашк дар ӯ камтар аст.

Дар бисёр маврид рашк дар муносибатҳои ошиқона пайдо мешавад, ки он ҳам дар нитиҷаи тарси аз даст додани дустдошта пайдо мешавад.

Рашк кумак мекунад

Шахс дар ҳолати ноумедӣ ва дилтангӣ наметавонад ба коре даст занад ва ё мушкилеро ҳал кунад. Аммо рашк маҷбур мекунад ба коре даст занад. Чунки рашк касро аз хатару мушкилӣ огаҳ мекунад. Маҷбур мекунад барои пешгирии мушкилии дар пеш истода коре анҷом дода шавад.

Аз ҷониби дигар рашк ҳисси рақобатро пайдо мекунад ва барои аз нафари дар назар буда пеш будан, беҳтар будан кас худро ба обу оташ мезанад.  

Ҳама ҳаққи рашк карданро дорад. Ин гӯшае аз хислати одам аст. Вале он набояд аз меъёр зиёд ва ё вайрон кунандаи зиндагии инсон бошад. Аз ҳиссиёти рашк мусби истифода намуда барои пешрафти зиндагию шахсият истифода намудан лозим.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД