Ба ифтихори ҷашни бузурги Наврӯзи оламафрӯз дар сар то сари Тоҷикистон ид эълон шуда, тамоми сокинони кишвар муддати 8рӯз дам мегиранд.
Аз 19 то 26 март хурду калон имкон доранд, ки иди Наврӯзро табъи дили худ ҷашн гирифта, шодию хурсандӣ ва рақсу бозӣ кунанд, ба зиёрати хешу табор ва наздикони хеш раванд, вале оё ҳавои сернози баҳорӣ. Ки ҳар лаҳза тағйир меёбад, ба мо имконияти дилхушӣ краданро медиҳад?
Мувофиқи маълумотҳои Маркази обу ҳавошиносии кишвар дар рӯзҳои асосии таҷлили Наврӯзи фархундапай, яъне аз 20-ум то 23 март ҳаво офтобӣ шуда, аз 17 то 24 дараҷа гарм мешавад, вале баъдан вазъи ҳаво тағйир меёбад. Аз 23 то 26 март дар баъзе ноҳияҳо ҳавои абрнок дар назар дошта шудааст, эҳтимол борон биборад.
Аз 15 то 19 март ҳаво гарму офтобӣ буда, боришот дар назар дошта нашудааст. Ҳаво то 24-26дараҷа гарм мешавад. Танҳо дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва Бадахшон эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.