Ранги пироҳани футболбозони "Истиқлол" ва "Гоа" маълум шуд
30.09.2025
Oila.tj
50

Ҷаласаи пеш аз бозии даври дуюми Лигаи чемпионҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Гоа” баргузор гардид.

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои “Истиқлол” ва “Гоа” ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуд.

Мизбонони рақобат - футболбозони “Истиқлол” бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон - “Гоа” бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.

Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Гоа”-и Ҳиндустон рӯзи 1-уми октябр дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегардад. Оғози бози соати 18:45 дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД