Arzon march 2024
РАҲМИДДИНИ БЕРАҲМ КАМПИРИ 92-СОЛАРО МУРДАКӮБ КАРДУ...
3119


Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст мегӯянд, вале ҳамсояи бад бадтар аз душмани қаттол аст, зеро намедонӣ, ки кай ба ту зарба мезанад. Як пиразани 92-солаи тоҷикро ҳамсояаш чунон бераҳмона лату кӯб намудааст, ки кампири бечораро шинохтан душвор аст. Дар ин бора субҳи имрӯз яке аз пайвандони ҷабрида ба идораи сомонаи Оила. ТЧ хабар дод.

Ҳодиса дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Рашт сар зада, момаи Аҳлинисо, ки 92-сол дорад, аз ҷониби Раҳмиддин ном ҳамсояаш мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Ба қавли яке аз неберагони пиразан, ки нахост номаш ифшо гардад, қаблан байни бибиаш ва Раҳмиддин ном марди ҳамсоя аз рӯйи партов моҷаро сар зада будааст. Раҳмиддин ҳамеша партовҳояшро ба назди хонаи момаи Аҳлинисо оварда мепартофтааст. Кампир аз ин рафтори нописандонаи марди баркамоли 40-сола ба ғазаб омада ба хонаи Раҳмиддин меравад ва талаб мекунад, ки партовҳояшро ҷамъ карда, бурда ба ҷойи дигар бурда партояд. Аз ҳамон вақт инҷониб ин марди сангдил нисбати пиразан дар дил кина гирифта, мудои пайти муносиб меҷустааст, то қасди худро ситонад.

Се рӯз қабл, бо нияти қасос гирифтан Раҳмиддин шабро дар пушти дари момаи Аҳлинисо саҳар мекунад. Тахминан соатҳои 4-5 субҳ кампир бо нияти таҳорат карда, намоз хондан аз хона мебарояд. Раҳмиддини бераҳм ин зани солмандро танҳо дида, ба ӯ дармеафтад ва кампираки бечораро мурданивор лату кӯб мекунад. Ҳамсояи ҷаллод ба ин ҳам қонеъ нашуда, пиразани нимҷони бе ҳушу бе ёдро кашолакунон ба боғи дар наздикӣ буда бурда мепартояд.

Наздиконаш пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд момаи Аҳлинисоро аз ҳамин боғ дар ҳоли мадҳушӣ пайдо карда, ба бемористон бурдаанд.

Аввалин касе, ки пайвандони пиразани ҷабрдида аз ӯ гумонбар гаштанд, ҳамин ҳамсоя буд.

Ба гуфти набераи ҷабрдида, айни замон Раҳмиддин ҳамчун гумонбар аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст ва овоза ҳаст, ки дар пурсиши нахустин ӯ ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД