Имшаб аз як шабакаи русӣ барномаеро оид ба морҳо тамошо кардам, дар таҳхонаи як бинои истиқоматӣ морҳои зиёде зиндагӣ мекардаанд. Чун бошандагони бино ин «сокинон»-и таҳхонаи истиқоматгоҳашонро диданд, бонги изтироб заданд. Яке мегуфт, ҳамаашонро куштан даркор, баъзеҳо мегуфтанд, ки онҳоро дошта, ба саҳрои васеъ сар додан даркор… Танҳо як нафар зоолог маслиҳат дод, ки ба морҳо кордор нашавед, онҳо барои гузаронидани сардиҳо ин љо ҷамъ шуданду чун гармӣ фаро расид, худашон ин ҷоро тарк мекунанд…
Аз дидани ин намоиш пеши назарам воқеае зинда гашт, ки понздаҳ сол пеш дар хонаамон дар деҳа рўй дода буд. Он ҳеҷ гоҳ аз навори хотиротам зудуда намешавад, он даҳшате, ки ман дида будам….
Духтари зиёӣ
Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, падарам директори мактаби деҳаамон буданд, модарам омўзгори фанни забону адабиёт шуда, дар зери дасти падарам кор мекарданд. Дар деҳаи мо духтарон кам мехонданд, падару модарам ҳамсинф будаанд, онҳо ҳангоми дар курси дуввум хондани падарам хонадор мешаванду баъдтар падарам модарамро ба шуъбаи ғоибона дохил мекунад. Ин кори падарам дар деҳа ба қавли маъмули имрўз “сенсатсия” шуда будааст. Волидони ман якдигарашонро дўст медоштанду аз зиндагии якҷоя соҳиби чор фарзанд шуданд, ман фарзанди хурдӣ ва духтари ягонаи оилаамон будам. Падару модарам дар тарбияи мо азоби зиёде кашиданд, ҳамаи моро соҳиби маълумоти олӣ намуданд. Бародаронам яке духтур, дуввумӣ корманди ҳифзи ҳуқуқ, севумӣ иқтисоддон ва ман аз пушти касби волидон рафта, муаллима шудам. Модарам маро зиёд дўст медошту ҳеҷ намехост аз бараш дур бошам, ҳарчанд дар пойтахт хона доштему бародари калониямон он ҷо зиндагӣ мекард, маро ба шуъбаи ғоибона дохил кард. Ман дар мактаб муаллимаи забони хориҷӣ шуда кор мекардам, акнун модарам директори мактаб буданду падарам мудири маорифи ноҳия. Модарам дар баробари корҳои омўзгорӣ ҳама ҳунарҳои занонаро бароям нишон медоду чун духтари ҳунарманд дар деҳа ном бароварда будам, хостгорони зиёд доштам. Аммо модарам мегуфт, ки то дипломатро нагирӣ, ба шавҳар намебароӣ. Бибии падариям аз ин иқдоми модарам норозӣ буду мегуфт, ки “о ту худат бо тифлони ширмак донишгоҳро хатм кардӣ, писари ман ба донишгоҳ дохилат кард, боз чӣ ин қадар шарту шароит мемонӣ? Бозори духтарамро касод накуну ба ягон љавонмарди хуб бароварда деҳ!” Модарам бошад, дар қавли худаш устувор буд, ба ҳарфҳои сарзанишомези бибиям даст афшонда мегуфт:
-Амма, ҳар хушдоман шумову ҳар ҷавонмард писари шумо не ку? Бибиям бошад, норозиёна меғурунгид “дар мактаби гап хондагӣ ту, духтари ҳамидбой”, аммо зиндагӣ сабақҳое дорад, ки…
(давом дорад)