Arzon march 2024
Рамазон кай сар мешавад?
1401


Ба фаросарии моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи бахшиши гуноҳон ба шумор рафта, дар ин моҳи муборак, тибқи китоби муқаддаси “Қуръон” ва ҳадисҳои паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С. С) тамоми дарҳои дӯзах баста ва дарҳои биҳишт ба рӯйи мардуми мусалмон кушода мешаванд, ҳамагӣ ду-се рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 2-юми апрел оғоз мешавад. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин хабар додааст.
Санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ оғози моҳи шарифи Рамазон буда, ҳамагон бояд худро рӯҳан ва ҷисман ба он омода намоянд, яъне натанҳо аз хӯрдану ошомидан, балки аз гуфтани ҳарфҳои дағал, дашному ҳақорат ва амалҳое, ки боиси ранҷиши дили бандагони худованд мегардад, дар ин моҳи муборак парҳез намоянд.


Фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро) муқаррар крада шудааст. Нисоби закот 35000 сомонӣ мебошад , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз дар имсол муайян карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД