Дирӯз чанд корманди Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент» дар вақти кор беҳуд шуда, даргузаштанд. Гуфта шуд, ки ин кормандон барои таъмири хатти оби партов сафарбар шуданд.
Ду манбаи боэътимоди сомонаи "Оила" иттилоъ доданд, ки дар миёни фавтидагон роҳбари КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент» низ будааст.
"Исломзода Баҳром Ҳасан, соли таваллудаш 08.01.1996, зодаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки феълан сарварии Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент»-ро бар уҳда дошт, ҳамроҳи кормандонаш дар ҷойи ҳодиса буд. Ҷасади ӯро ба зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, бурданд. Ӯ чанд рӯз қабл духтарчадор шуда, ҳанӯз фарзандашро надида буд",-гуфт манбаъ.
Дар ин миён ҷонишини роҳбар низ будааст, вале манбаи мо аз ӯ ном нагирифт. Ҳамроҳ бо раису ҷонишин, падару писар Мустафоев Ризо, соли таваллудаш 1958, Мустафоев Ғайрат, соли таваллудаш 1984, сокинони кӯчаи Навобод ва бародарон Самадов Ҳамроқул, соли таваллудаш 1997, Самадов Саидҷон, соли таваллудаш 1996, сокинони кӯчаи Алишер Навоии шаҳр низ будаанд.
"Ҳамроқул Самадов 2 фарзанд дошта, Саидҷонро номзад карда буданд ва бояд ба наздикӣ оиладор мешуд", - гуфт манбаи дигари мо.
Фавтидагони дигар Маҳмудов Дилшод (с. т. 1980) ва Назиров Ҷамолиддин (с. т. 1992) мебошанд. Ба фарзияе онҳо дар натиҷаи таркиши лӯла ва хориҷ шудани газ аз он фавтидаанд. Бобокалонов Рустам (с. Т. 1978) ва Бобоев Комилҷон (с. т. 1982) баъди ҷароҳатбардорӣ аз бемоорхона баромада, ҳоло зери назари табибон дар хона табобат мегиранд.
Инчунин, хонед:
Дар бораи сабабҳои сар задани ҳодиса ва рақами аниқи ҳалокшудагон мақомот расман чизе нагуфтаанд.