Дар арафаи Соли нави мелодӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии як қатор собиқадорони меҳнат рафт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот роҳбари вилоят аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла Ӯғулой Неъматова, Инъомҷон Маҳмудов, Биомина Сатторова ва дигаронро бо фарорасии Соли нав самимона табрику таҳният гуфтааст.
Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кардааст, ки соли сипаришуда барои мардуми Тоҷикистон соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ ва ташаббусҳои ватандӯстона ба ҳисоб меравад. Зикр гардидааст, ки сокинони кишвар дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа бо ҳисси баланди масъулият меҳнат намуда, дар натиҷа имрӯз сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда, шаҳру деҳоти мамлакат ободу зебо гардидааст.