Кормандони милитсия солҳои охир муборизаро алайҳи фолбину ҷодугарон пурзӯр намудаанд, вале бо вуҷуди боздошти садҳо нафар фолбину соҳир мардум то ҳол ба ин тоифа бовар мекунанд.
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар як мавъизааш пеш аз намози ҷумъа гуфтааст, ки дар дини Ислом сеҳру ҷоду ҳаром аст ва шахсе, ки ба чунин фаъолият машғул мешавад, аз роҳи имон дур мегардад. Ӯ аз минбари Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе изҳор доштааст, ки ҳар кас назди фолбину ҷодугар рафта, ба гуфтаҳои ӯ бовар кунад, ба гуноҳи бузург даст мезанад.
«Ҳар касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад ва ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунад, кофир мешавад. Никоҳаш ҳам ботил мегардад. Махсусан занон зиёд назди соҳирону ҷодугарон мераванд. Ин гуна ашхос бояд тавба кунанд ва аз сар никоҳ банданд»,- гуфтааст муфтии Тоҷикистон.