Arzon march 2024
Раиси нави Данғара кист?
570

Саломзода Сиҷоуддин раиси ноҳияи Данғара таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Раҳмон Исломиддин Хайриддинро иваз кард, ки аз моҳи ноябри соли 2018 раиси ноҳияи Данғара буд. Дар ин бора ду манбаи ба Оила.ТҶ хабар доданд.

Саломзода то рафтан ба Данғара муовини раиси шаҳри Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Фақерзода Рустам муовини шаҳрдори пойтахт таъин шудааст. Мақоми нави Раҳмон Исломиддин ҳанӯз маълум нест.

Сиҷоуддин Саломзода 2- июни соли 1965 таваллуд шуда, Институти политехникии Тошкент ба номи Абурайҳон Беруниро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-геофизик хатм кардааст.

Ӯ дар гузашта раиси шаҳри Турсунзода, раиси шаҳри Исфара, раиси шаҳри Бохтар ва муовини Раиси шаҳри Душанбе буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД