goodwell
Раиси Кумитаи сохтмон сабаби ба чанд кас фурӯхтани як хонаро шарҳ дод
13.07.2026
Оила
55

Раиси Кумитаи сохтмон сабаби ба чанд

кас фурӯхтани як хонаро шарҳ дод

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода сабаби аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ ба чанд кас фурӯхтани як хонаро шарҳ дод.

Мирзозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нисбат ба солҳои қаблӣ нисбатан хеле боло рафтааст, вале то ҳол ҳастанд ширкатҳои биносозе, ки мардумро фиреб медиҳанд.
“Чаро як хонаро ба се-чор кас мефурӯшанд? Сабаб дар он аст, ки шартномаро дар идораи нотариалӣ ба қайд намегиранд... Вақте дар идораи нотариалӣ шартнома баст, аллакай он ҳукми ҳуқуқӣ мегирад ва каси дигар ба идораи нотариалӣ муроҷиат кунад, маълумот мебарояд, ки ин хона фурӯхта шудааст”, - гуфтааст Мирзозода.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таъкид кардааст, ки ширкатҳои бинокоре, ки дар корашон камбудиҳо ҷой доранд ва ё кирдорҳои ғайриқонуниашон ошкор карда мешавад, тибқи қонун ҷарима шуда, иҷозатномаи корашон бозпас гирифта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД