Formula novemver 2024
Раиси ҷамоат пуламро хӯрду замин надод
7334

Раҳим ном дорам ва дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекунам. Мо дар оила чор бародар ва ҳамаамон соҳиби зану фарзанд ҳастем.

Ман, ки писари калонӣ ҳастам, хостам замин гирифта, хона созам ва зиндагиамро ҷудо кунам. Вақте ба идораи ҷамоат муроҷиат намудам аз ман 200 доллари амрикои талаб карданд. Мани содда гумон кардам, ки бо ҳамин кор буд мешавад ва бе дудилагӣ пулро бароварда додам, аммо аз байн чанд моҳ гузашту аз замин дарак нашуд. Вақте ки бори дуюм ба идораи ҷамоат рафтам, ошкоро ба ман гуфтанд, ки пули додаам кам аст, боз 400 доллари дигар додан лозим. Ба хотири як пора замин пули бо хун ҷигар дар Русия кор кардаамро, ки барои рӯзи мабодо пасандоз намуда будам, бароварда додам. Ваъда доданд, ки 7-8 моҳ пас барои сохтмони манзил ба ман қитъаи замин ҷудо мекунанд, аммо аз байн як сол гузашту аз замин дарак нашуд.


 ЗУҲРО МИЛЛИОНЕР ШУДУ ФОТИМА АЛКАШ


 Асабонӣ шуда ба идораи ҷамоат рафтам ва талаб намудам, ки пулҳоямро баргардонанд,в але ба ман гуфтанд, ки раис иваз шудааст. Сари қаҳру ғазаб ба хонаи собиқ раиси ҷамоат, ки Мирзошариф ном дошт, рафтам. Манзили раис қасрро мемонд, вале бо ин ҳама дороӣ он палид пуламро бар нагардонд. Аламовараш он аст, ки “дузди зӯр соҳиби молро мебандад” гуфтагӣ барин, Мирзошарифи парахӯр маро дашномҳои зиёд дода “худи ҳозир аз ин ҷо дафъ шав, набошад ҳозир милиса ҷеғ мезанам” гӯён, маро бо хорию зорӣ аз пушти дараш ронд. Мо як оилаи камбағал ҳастем ва зиндагиамонро базӯр пеш мебарем. Медонам, ки даъво кунем ҳам, касе ба додамон намерасад, чунки вақти ба раис пул доданам мо танҳо ба танҳо будем. Мани сода забонхати раисро нагирифтаам, ягон шоҳид ҳам надорам, ки пул доданамро исбот намоям. Танҳо барои паст крадани алами дилам ба сомонаи Oila.tj муроҷиат намудам, то ки ба Мирзошариф барин порахӯрҳо бигӯям: 

-Мирзошариф! Гумон накун, ки мани камбағалро фиреб карда, аз ғазаби худо дар амон мемонӣ. Хонаи боҳашаммате, ки бо пули ман барин камбағалон сохтаӣ, ягон рӯз аз сарат мемонад. Ман на дар ин дунё ва на дар охират пули додаамро ба ту намебахшам. Илоҳо ҳамон пораи гирифтаат заҳри баданат шавад!


 ҲАМСОЯИ ФИРЕБГАР МӮЙСАФЕДИ 63-СОЛАРО ХОНАСАЛОТ КАРД


 Раҳими фиребхӯрда 

P/C
Мо ҳарчанд аз Раҳим нишонии ин раиси порахӯрро пурсон шудем, то сари ин масъала бо раис ҳамсӯҳбат гашта, мушкилашро осон гардонем, вале Раҳим (мустаор) рад карда гуфт, ки ба сараш бало харидан намехоҳад. Танҳо мехоҳад навиштааш ба дасти Мирзошариф бирасад ва ӯ хатояшро дарк карда, бидуни овозаву дарвоза маблағҳояшро ба ӯ оварда диҳад. Дар охир Раҳим аз мо хоҳиш кард, ки суханонашро бидуни ягон нишонӣ дар сомона ҷой диҳем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД