goodwell
Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд
16.06.2026
Oila.tj
101

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба самар расонд, 1100-умин голи “Истиқлол” дар таърихи иштироки даста дар чемпионати Тоҷикистон гардид.

То имрӯз бошгоҳи “Истиқлол” дар Лигаи олии Тоҷикистон 392 бозӣ анҷом додааст. Аз ин шумора даста дар 302 вохӯрӣ пирӯз, 64 бозӣ мусовӣ ва ҳамагӣ дар 26 рақобат мағлуб шудааст. Ҳамчунин, бошгоҳи шаҳри Душанбе 14 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.

Таносуби голҳои «Истиқлол» дар тамоми давраи иштирокаш дар Лигаи олӣ ба 1101 голи зада ва 234 голи гузаронида баробар аст, ки нишондиҳандаи хеле назаррас ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД