Дар шаҳри Тсиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими қуръакашии мусобиқаи Qingdao Grand Prix 2025 баргузор гардид. Дар натиҷа рақибони ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқа муайян шуданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 ҷудокор муаррифгар мебошанд. Дар вазни 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев, дар вазни 66 кг Обид Ҷебов, дар вазни 73 кг Абубакр Шеров, Масъуди Аҳмадзод, дар вазни 81 кг Сомон Маҳмадбеков, дар вазни 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов, дар вазни 57 кг Александра Кан ва дар вазни + 78 кг Виктория Ксилева баромад мекунанд.
Дар вазни 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Ҳйесунг Ҳванг аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад. Меҳрзод Суфиев дар ҳамин вазн, даври аввалро озод паси саркарда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Йуантао Ванг аз Чин ва Тувшинтур Туменҷаргал аз Муғулистон неру месанҷад.
Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг даври аввал озод аст ва дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Нурмуҳаммад Ботабай аз Қазоқистон ва ҷудокори бетараф Кантемир Замбатов гӯштин мегирад.
Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод аст ва дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Энхдул Лхамаа аз Муғулистон ва Эйдар Токтай аз Туркия нерӯсанҷӣ мекунад. Масъуди Аҳмадзод дар ҳамин вазн даври аввалро озод паси саркарда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Стевен Болдбаатар аз ИМА ва Рамазон Кодаков аз Баҳрайн қувваозмоӣ мекунад.
Дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод аст. Дар даври дуюм Сомон бо намояндаи Чин Саилике Сонғаер гӯштин мегирад. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳансу Ким сабқат мекунад. Александра Кан дар вазни то 57 кг дар даври аввал бо Яқи Гонг аз Чин гӯштин мегирад. Дар вазни +78 кг Виктория Ксилёва дар даври аввал бо Сун Шаоҳан аз Чин нерусанҷӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 26-ум ва 28-уми сентябр мусобиқаи Qingdao Grand Prix-2025 дар шаҳри Тсиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мешавад.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи Qingdao Grand Prix-2025, 200 ҷудокор (117 мард, 83 зан) аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Рақобатҳои инфиродӣ соати 15:30 ва рақобатҳои финалӣ соати 20:00 баргузор мегарданд. ТВ “Варзиш” мустақиман мусобиқаро давоми 3-рӯз манзури бинандагон мегардонад.