Рақибон - бо кӣ мебояд рӯ ба рӯ шавӣ?
87

Бизнес - ин холигӣ нест. Ин майдон аст. Арена. Баъзан - набард.

Ту ягона шахсе нестӣ, ки мехоҳад таваҷҷуҳи мизоҷонро ҷалб кунад.
Аммо ин набояд туро битарсонад. Баръакс - ин имкониятест, ки рушд кунӣ, худро нишон диҳӣ ва фарқ кунӣ.

Рақибон - душман нестанд.
Онҳо тренерҳои туянд. Онҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна мешавад.
Ва туро илҳом мебахшанд, то боз ҳам беҳтар эҷод кунӣ.

Намудҳои рақибон кадомҳоянд?

1. Рақибони мустақим (бевосита)

Онҳое, ки тахминан ҳамон чизеро пешниҳод мекунанд, ки ту мекунӣ.

Мисол:
Агар ту хизмати расонидани бургерро оғоз кунӣ - рақиби мустақими ту бургерхонаи дигари ҳамсоя аст.

Далели ҷолиб:
Burger King як аксияи эпикӣ гузаронд:
Ту агар бургерро аз таваққуфгоҳи McDonald's фармоиш медодӣ - тахфиф мегирифтӣ!
Гениалӣ! Ҳам мазоҳ, ҳам “дуздии” мизоҷон!

 

2. Рақибони ғайримустақим (ба таври ғайримустақим рақобат мекунанд)

Онҳо ҳамон эҳтиёҷро ҳал мекунанд, вале бо роҳи дигар.

Мисол:
Ту мактаби овозхонӣ мекушоӣ.
Аммо рақибони ғайримустақими ту - YouTube, курсҳои онлайн, ҳатто апликейшнҳои караоке мебошанд.

Далели ҷолиб:
Netflix дарк кард, ки рақибаш на фақат кинотеатрҳоянд - ин вақти инсон аст.
Агар шахс TikTok-ро интихоб кунад, на сериал - ӯ аллакай аз Netflix “рафтааст”.
Аз ҳамин сабаб Netflix шуруъ ба истеҳсоли контенти худ кард - то диққати мизоҷонро нигоҳ дорад.

Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»

https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#

https://www.instagram.com/mba.tj?igsh=dmhjNzM4bWljOGw4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД